Таҳдиди Туркия тавассути ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10453-Таҳдиди_Туркия_тавассути_ДИИШ
Гурӯҳи террористии ДИИШ зимни таҳдиди Туркия ба бомбгузорӣ ва вайронӣ, ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 24, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Туркия тавассути ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ зимни таҳдиди Туркия ба бомбгузорӣ ва вайронӣ, ин кишварро сарзамини ҷиҳод эълом кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи телевизионии Алмаёдин, Абуҳасан Алтуркӣ, узви  туркияии гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ, дар як навори видеоӣ зимни таҳдид кардани давлати Анкара, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркияро тоғутӣ тавсиф кард ва афзуд, вай бояд барои иқдомоти худ алайҳи мусалмонон муҷозот шавад. Дар навори видеоии мунташиршуда ҳамчунин бар вайронӣ ва мунфаҷир кардани шаҳрҳои мухталифи Туркия аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид шудааст .

Рӯзи панҷшанбеи гузашта гурӯҳи террористии ДИИШ дар идомаи эъмоли хушунатҳо, тасовири оташ задани ду сарбози асири артиши Туркияро мунташир кард. Дар тасовири мунташиршудаи ин гурӯҳи террористӣ, шуълавар шудани ду сарбози турк бо дастҳо ва поҳои баста нишон дода шудааст. Ин ду сарбози артиши Туркия ҳудуди ду ҳафта пеш дар атрофи шаҳри Албоб дар шимоли Сурия асир шуда буданд. Интишори ин навори видеоӣ, хашми давлат ва мардуми Туркияро барангехтааст. Дар вокуниш ба иқдом ва таҳдиди гурӯҳи террористии ДИИШ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ рӯзи ҷумъа таи суханоне дар шаҳри Измир, бар интиқоми сахт аз ин гурӯҳи террористӣ таъкид кард.

Бояд гуфт, таҳдиди ДИИШ бар нобудӣ ва вайронии Туркия аз сиёсатҳои нодурусти давлати Анкара дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ таи чанд соли гузашта ношӣ мешавад. Воқеият он аст, ки давлати Эрдуғон ба ангезаи зарба задан ба давлати қонунии Башшор Асад дар Сурия, таи чанд соли гузашта ба сурати пинҳон ва ошкор аз тамомии гурӯҳҳои террористии фаъол алайҳи давлати Димишқ ҳимоят кардааст. Дар ҳақиқат, давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо тақсимбандии террорист ба хубу бад, талош кардааст, бархе аз гурӯҳҳои террористиро таҳти пушиш ва ҳимояти худ қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Русия борҳо аз давлати Анкара хостаанд, ки ин ҳақиқатро бипазирад, ки терроризм хубу бад надорад .

Мақомҳои давлати Анкара тасаввур мекарданд, ки бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, сареътар ба аҳдофи худ дар минтақа даст меёбанд. Яке аз гурӯҳҳои террористии фаъол дар Сурия, гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ аст. Ин гурӯҳ ба унвони бозуи низомии фирқаи гумроҳи ваҳҳобият дар Сурия ва Ироқ ва бархе аз дигар кишварҳои ҷаҳон фаъолият дорад. Ба рағми пазириши иштибоҳоти давлати Анкара дар заминаи сиёсатҳои нодуруст дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ, давлати Анкара ҳамчунон аз бархе гурӯҳҳои шибҳнизомии фаъол алайҳи давлати Башшор Асад ҳимоят мекунад. Шакке нест, ки ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва шибҳнизомӣ аз ҷумлаи иштибоҳоти сиёсати хориҷии давлати Анкара таи солҳои гузашта будааст. Ҷуброни Садамоти ношӣ аз ин иштибоҳот шояд мумкин набошад, аммо давлати Анкара дастикам метавонад дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки дар ин замина мусаммам аст ва таҳдидҳои ДИИШ-ро ҷиддӣ талаққӣ мекунад. Иқдомоти давлати Анкара дар қиболи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ токунун гузинишӣ ва мақтаӣ буда ва таъсири чандоне надоштааст. Аммо акнун шароит тафовут карда ва давлати Анкара дар баробари воқеияти таҳдидҳои мустақими ДИИШ қарор дорад ва бояд ин ҳақиқатро бипазирад, ки ҳаргуна таъхир ва ё сустӣ дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ҳазина хоҳад дошт.