Декабр 25, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли 7 сол зиндон барои як шаҳрванди Русия

Як шаҳрванди 24 солаи Русия, сокини шаҳри Воронеж ба иттиҳоми лату куби як коргари муҳоҷири тоҷик ва интишори тасвири ин ҳодиса дар интернет боздошт шудааст, ки эҳтимоли ба 7 сол зиндон маҳкум шудани вай вуҷуд дорад.

Ба гузориши сойти Кумитаи тафтишоти Русия дар Воронеж, акнун ин шаҳрванди Русия боздошт шуда ва дар бозҷӯиҳои аввалия ба иттиҳоми хеш эътироф кардааст.

Бар асос ин гузориш, муттаҳам дар тобистони соли 2015 бо ангезаи миллигароӣ ва ситез бо муҳоҷирин дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Воронеж ба рӯи ин коргари тоҷик газ мепошад. Замоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон талош мекунад аз даст ин фард фирор кунад, ба замин мехӯрад. Муттаҳам низ ба шиддат вайро мавриди лату куб қарор медиҳад ва ин амаларо ба наворбардорӣ ва ин моҷароро дар сафҳаи шахсии хеш дар шабакаи интернет  пахш кардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия, ҳайни бозрасӣ аз манзили маскунии ин фард телефони ҳамроҳ ва навори забтшудаи ин моҷароро пайдо кардааст, ки акнун додгоҳ дар мавриди ин фард, тасмим хоҳад гирифт.

Ҳамасола мавориди зиёде аз ҳамалоти гурӯҳҳои нажодпараст ва миллигарои русӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия иттифоқ меафтад, ки мӯҷиби захмӣ ва ҳатто ҷон бохтани ин афрод мегардад.