Осонсозии раванди тиҷорати Русия бо Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон
Русия дар як қадамии пайвастан ба тавофуқномае қарор дорад, ки раванди тиҷорат бо кишварҳои узви он аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистонро сода мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қонуни марбутае ахиран аз сӯи Шӯрои федерасиюни Русия тасвиб шуд ва акнун бояд тавассути раиси ҷумҳӯр имзо шавад.
Пайвастани Русия ба ин тавофуқнома ба маънои ба расмият шинохтани мутақобили асноди электроникии содирот, воридот ва транзити коло тавассути ин кишвар ва соири кишварҳои имзокунанда аст . Бо ин кор аз равияҳои бюрократии ғайризарурӣ ҷилавгирӣ мешавад .
Дар ҳоли ҳозир 11 кишвар аз ҷумлаи Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон,Чин, Эрон, Бангладеш, Муғулистон, Филиппин,Кореяи ҷанубӣ, Темори шарқӣ ва Тувало аъзои ин тавофуқнома ҳастанд .
Ин тавофуқнома дар соли 2016 дар ҳафтоду дуюмин нишасти Комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнусия имзо шуд.