Гуфтугуи вазирони хориҷаи Туркия ва Амрико дар бонаи НАТО ва Украина
(last modified Sun, 09 Jul 2023 08:15:59 GMT )
Июл 09, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи вазирони хориҷаи Туркия ва Амрико дар бонаи НАТО ва Украина
    Гуфтугуи вазирони хориҷаи Туркия ва Амрико дар бонаи НАТО ва Украина

Ҳакан Фидан вазири хориҷаи Туркия ва Энтони Блинкен ҳамтои амрикоӣ дар бораи густариши НАТО, ҷанги Украина ва наҳваи кумак ба Сурия телефони гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бан нақл аз хабаргузории Анадолу масоили марбут ба Укарина ва нишасти ояндаи сарони НАТО аз мавзуъоти гуфтугуи дирузи Фидан ва Блинкен буд.

Ду тараф ҳамчунин дар бораи тамдиди созу кори Созмони Милали Муттаҳид барои ирсоли кумакҳои башардустона ба Сурия аз тариқи марзи ду кишварҳам ройзани карданд.

Вазири хориҷаи Туркия ҳачунин бо Мелони Ҷоли ҳамтои канадаӣ дар бораи густариши НАТО ва равобити ду кишвар табодули назар кард.