Корпартоии ҳазорон нафар аз ҳунарпешаҳои Ҳолливуд
(last modified Fri, 14 Jul 2023 12:25:38 GMT )
Июл 14, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳунарпешаҳои синамо ва телевизион дар Амрико эътисоб карданд
    Ҳунарпешаҳои синамо ва телевизион дар Амрико эътисоб карданд

Манобеи хабарӣ аз корпартоӣ ё эътисоби ҳазорон нафар аз бозигарони Ҳолливуд дар пайи шикасти музокироти иттиҳодияи синфии онҳо хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, аъзои ҳайати Иттиҳодияи бозигарони синамо ва Федератсияи ҳунармандони радио ва телевизиони Амрико (SAG - AFTRA), ки ҳудуди 160 ҳазор ҳунарпешаи синамо ва телевизион, рӯзноманигорон, шахсиятҳои радиоӣ, хонандагон ва ғайраро намояндагӣ мекунад, ба иттифоқи оро ба эътисоб раъй доданд.

Иттиҳодияи бозигарони синамо ва Федератсияи ҳунармандони радио ва телевизиони Амрико дар баёнияе эълом кард, ки баъд аз чаҳор ҳафтаи чоназанӣ, иттиҳодияи тиҷорие, ки намояндагии ширкатҳои бузурге монанди “Дисней”, “Нетфликс” ва “Уорнер” -ро бар ӯҳда дорад, тамоюле ба расидан ба як тавофуқи мунсифона надорад.

Ин нахустин бор аз соли 1980 аст, ки ҳунарпешаҳои телевизионӣ эътисоб мекунанд.

Ба гузориши расонаҳои Амрико, аз ҷумла Эн Би Си, қарордодҳои даҳҳо ҳазор нафар аз аъзои SAG - AFTRA бо иттиҳодияи таҳиякунандагони филму телевизион нимашаби чаҳоршанбе ба поён расид.