Июл 19, 2023 14:07 Asia/Dushanbe
  • Оташсузи дар як пойгоҳи низоми дар Қрим
    Оташсузи дар як пойгоҳи низоми дар Қрим

Фармондори Қрим аз оташсузи дар заминҳои омузиши низомӣ дар ин ҷазира хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сергей Аксиюнов фармондори таъиншудаи Русия дар Қрим имруз чаҳоршанбе эълом кард дар пайи оташсузи дар заминҳои омузиши низомӣ дар ин шибҳиҷазира беш аз 2 ҳазор нафар маҷбур ба тахлияи шаҳракҳои муҷовир шуданд.

Бар асоси ин гузориш сабаби ин оташсузи ки ҳамчунин боиси басташудани бузургроҳи асли шуд эълом нашуда аст.

Ба иддаои Рейтер каналҳои телеграмии марбут ба сервисҳои амниятии Русия ва расонаҳои украинӣ гузориш доданд дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ шабонаи Украина ба як анбори муҳимот дар ин пойгоҳ оташсузи оғоз шуд.

Ин оташсузи ду руз ба аз он рух дод, ки инфиҷор дар пули Қрим рух дод Маскав Украинаро муқасири ин ҳодиса хонд ва раиси Ҷумҳурии Русия қавли талофи дода аст ин пул қазираи Қримро ки Маскав дар соли 2014 дар пайи як ҳамапуруси ба хоки Русия пайваст кард ба сарзамини аслии Русия мутасил мекунад.

Вазорати дифоъи Русия рузи сешанбе эълом кард артиши ин кишвар дар вокуниш ба ҳамлаи душанбе артиши Украина ба пули Қрим ки ба марги ду нафар ва захми шудани як кудак мунҷар шуд ҳамалотро зидди таъсисоти Украина ки барои омодасозии ҳамалоти террористӣ мавриди истифода қарор гирифт анҷом дод ва ин пойгоҳоро мунҳадим кард.

Ҷазираи Қрим пас аз баргузории як ҳамапурси дар моҳи марти соли 2014 бо 97 дарсад райи мувофиқ ба хоки Русия пайваст шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп