Дабири кулли СММ бо мусулмонони ҷаҳон ибрози ҳамбастагӣ кард
(last modified Fri, 21 Jul 2023 12:16:13 GMT )
Июл 21, 2023 17:16 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш: Беэҳтиромӣ ба кутуби муқаддас ва маконҳои ибодат ғайриқобили қабул аст
    Антонио Гутерриш: Беэҳтиромӣ ба кутуби муқаддас ва маконҳои ибодат ғайриқобили қабул аст

Дабири кулли Созмони Милал нобурдборӣ, хушунат ва иқдомоти исломҳаросонаро маҳкум ва бо ҷомеаи мусулмонон ибрози ҳамбастагӣ кард.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал шомгоҳи панҷшанбе дар дидор бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ таъкид кард, Созмони Милал барои иҷрои Қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башар барои мубориза бо нафрати зиддимазҳабӣ, ки мунҷар ба табъиз, хусумат ва хушунат мешавад, талош хоҳад кард.

Гутерриш афзуд, нобурдборӣ, хушунат ва иқдомоти исломҳаросонаро, ки боиси афзоиши таниш ва эҷоди табъизу ифротигарӣ мешавад, маҳкум мекунад.

Стефан Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид низ дар вокуниш ба беэҳтиромии дубораи Қуръон дар Шветсия гуфт: Ин бисёр возеҳ ва равшан аст, ки беэҳтиромӣ ба кутуби муқаддас ва маконҳои ибодат ғайриқобили қабул аст, аммо мутаассифона, қарнҳост, ки аз ин гуна иқдомот барои таҳрик истифода мешавад.

Дуҷорик гуфт, эҳтироми мардум ба мазҳаби якдигар муҳим аст ва мардум набояд расидагӣ ба ин масоилро дар ихтиёри худ бигиранд.