Путин: Тавофуқи ғаллот барои мақсадҳои башардӯстона иҷро намешуд
(last modified Mon, 24 Jul 2023 06:47:17 GMT )
Июл 24, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Путин: Идомаи тавофуқи ғаллот ҳеҷ фоидае надорад
    Путин: Идомаи тавофуқи ғаллот ҳеҷ фоидае надорад

Раиси ҷумҳурии Русия дар мақолае навишт, тавофуқи ғаллот барои мақосиди башардӯстона иҷро намешуд ва сирфан ба манзури сарватманд кардани Амрикову Аврупо истифода мешуд.

Путин дар мақолае бо унвони «Русия ва Африқо: ҳамафзоии талошҳо барои сулҳ, пешрафт ва ояндаи муваффақ», ки бомдоди душанбе дар торнамои Кремл мунташир шуд, навишт: Ғарб ошкоро чунин таблиғ мекард, ки ин тавофуқ нишонаи ҳусни нияте ба суди Африқост, аммо дар воқеъ ба тарзи шармоваре сирфан барои сарватманд кардани бахши бузурге аз ширкатҳои Амрикову Аврупо истифода мешуд, ки ғаллоти Аврупоро содир мекарда ва дубора мефурӯхтанд.

Раиси ҷумҳурии Русия навишт, тибқи ин тавофуқ дар муддати тақрибан як сол маҷмӯи 32. 8 миллион тон ғаллот аз Украина содир шуд, ки беш аз 70 дарсади ин содирот ба кишварҳои дорои даромади боло ё дорои даромади миёнаи рӯ ба боло мерафт. Дар ҳоле ки кишварҳое монанди Эфиопия, Судон, Сомали ва Яману Афғонистон камтар аз се дарсади ин содиротро дарёфт мекарданд.

Путин афзуд, дар воқеъ ҳеҷ як аз мафоди ин тавофуқ, ки марбут ба муофияти содироти ғаллоту куди кишоварзии Русия аз таҳримҳо буд,  а иҷро дарнаёмад.

Вай навишт, бо тавваҷуҳ ба ҳамаи ин масоил, дигар идомаи тавофуқи ғаллот ҳеҷ фоидае надорад, зеро натавонист барои мақосиди башардӯстона ба кор биравад.