Тафсир. Ташдиди тақобули Русия ва Украина ва бунбаст дар тавофуқи ғаллот
(last modified Mon, 24 Jul 2023 11:31:32 GMT )
Июл 24, 2023 16:31 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 50 кишвари ҷаҳон барои гандуми худ ба Русияву Украина вобаста ҳастанд
    Беш аз 50 кишвари ҷаҳон барои гандуми худ ба Русияву Украина вобаста ҳастанд

Ҳамзамон бо ташдиди ҷанги Украина, ба вижа пас аз ҳамлаи Украина ба пули Қрим ва ҳамалоти мутақобили Русия ба бандари Одесса, дар ҷануби ғарби Украина дар баҳри Сиёҳ, чашмандози тавофуқи ғаллот беш аз ҳар замони дигаре торик ба назар мерасад.

Пас аз оғози ҷанг байни Русия ва Украина дар авохири феврали 2022, бо тавваҷуҳ ба даргириҳо дар нуқоти соҳилии Украина монанди бандари Мариупол ва низ танишҳои низомӣ байни ду тараф дар савоҳили шимолии дарёи Сиёҳ, амалан имкони содироти маҳсулоти ғизоӣ аз тариқи Украина ба сифр расида буд. Зимни ин ки таҳримҳои густардаи Ғарб алайҳи Русия ба роҳҳои мухталиф сабаби коҳиши содироти ин маҳсулоти стратегӣ аз ҷониби ин кишвар шуда ва ҳамин масъала муҷиби шаклгирии мушкили муҳиме, яъне буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шуд.

Беш аз 50 кишвари ҷаҳон барои гандуми худ ба Русияву Украина вобаста ҳастанд. Дар ростои ҳалли ин мушкили ҷаҳонӣ, Русия, Украина, Туркия ва Созмони Милал дар 22 июли 2022 тавофуқномаеро дар ростои ҳалли буҳрони ҷаҳонии ғаллот имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқнома контроли бандарҳои Одесса, Чёрноморск ва Южная, ки маҳалли содироти ғаллот хоҳанд буд, дар ихтиёри тарафи украинӣ хоҳад буд. Муддати ин тавофуқнома 120 рӯза ва қобили тамдид буд, ки амалан низ чанд бор тамдид шуд. Бо иҷрои ин тавофуқнома беш аз 20 миллион тон ғаллот аз ҷануби Украина бо ҳадафи коҳиши буҳрони ғизо ва қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон содир шуд.

Бо ин ҳол иҷрои тавофуқи ғаллот дар чанд моҳи ахир бо мушкилоти умдае мувоҷеҳ шудааст. Аз ҷумла ин ки Русия Украинаро ба сӯиистифода аз тавофуқи ғаллоти дарёи Сиёҳ барои анбор кардани маҳмулаҳои низомӣ ва сӯхт муттаҳам кардааст. Дмитрий Полянский, муовини сафири Русия дар Созмони Милал дар суханроние хитоб ба Шӯрои амнияти ин созмон гуфт, Украина аз тавофуқи ғаллоти дарёи Сиёҳ барои анбор кардани ҳаҷми қобили таваҷҷуҳе сӯхту маҳмулаҳои низомӣ истифода кардааст.

Кохи Кремл рӯзи душанбе, 17 июл эълом кард, ки қарордоди ғаллоти Украина сооте қабл аз инқизои он ба поён расид ва агар шароити ин кишвар бароварда шавад, Маскав ба тавофуқ бозхоҳад гашт. Ин тавофуқи муҳим, ки бо миёнҷигарии СММ ва Туркия анҷом шуд, ба таври расмӣ дар поёни рӯзи душанбе ба поён расид ва ин тавофуқ ба Украина иҷоза медод то ғаллотро аз тариқи дарёи Сиёҳ содир кунад. Маскав ҳафтаҳост, ки таҳдид карда буд, ки аз тавофуқи ғаллот ба далели ин ки ба дурустӣ иҷро нашуда, хориҷ хоҳад шуд.

Хабаргузориҳои Русия пас аз эъломи Кремл гузориш доданд, ки Маскав ба Туркия, Украина ва СММ иттилоъ додааст, ки мухолифи тамдиди тавофуқ аст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл бо эъломи ба таълиқ даровардани тарҳи тавофуқи судури ғаллоти Украина аз сӯи Русия эълом кард, ки мо замоне ба тавофуқнома бозмегардем, ки пойбандӣ ба бахши дувуми тавофуқ иҷро шавад. Ин қисмат Ғарбро мулзам мекунад то маҳдудиятҳо бар содироти кишоварзӣ ва нуриҳои минералии Русияро рафъ кунад.

Аз сӯи дигар, Маскав пас аз ҳамлаи неруҳои украинӣ ба пули Қрим ба унвони амале интиқомӣ ва низ дар ростои иҷро шудани таҳдиди худ дар заминаи ҷилавгирӣ аз идомаи иҷрои тавофуқи ғаллот ҳамалоти густарда ва бесобиқаеро алайҳи бандари Одесса, ки маҷрои иртиботи дарёии Украина бо ҷаҳони хориҷ маҳсуб мешавад, ба иҷро даровардааст. Дар ин росто, артиши Русия рӯзи якшанбеи 23 июл эълом кард, ки тамоми аҳдофи мавриди назар дар бандари Одессаи Украинаро ҳадаф қарор дода ва гуфт, ки ин сайтҳо барои омодасозии иқдомоти террористӣ алайҳи Русия истифода мешудаанд.

Зимни ин ки Русия ҳафтаи гузашта дар пайи хуруҷ аз тавофуқи судури ғаллот бо Украина, ҳушдор дод, киштиҳоеро, ки дар масири банодири дарёи Сиёҳ ҳаракат кунанд, ҳадафи низомӣ меҳисобад ва дар пайи он ҳамалоти майдонӣ ба банодири Украина, воқеъ дар дарёи Сиёҳро афзоиш дод. Созмони Милал ҳушдор додааст, ки ҳамалот ба киштиҳову таъсисоти банодир дар дарёи Сиёҳ метавонад авоқибе фоҷеабор дошта бошад.

Маскав шарте барои пайвастани дубора ба тавофуқи ғаллотро эълом кардааст. Сергей Вершинин, муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, агар бонки кишоварзии ин кишвар ба номи “Росселхозбонк” ба СВИФТ муттасил шавад, имкони бозгашти Русия ба тавофуқи содироти ғаллот бо Украина фароҳам мешавад. Маскав аз ин ҷиҳат ба дунболи иттисоли ин бонк ба СВИФТ аст, ки ин иқдом раванди содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишварро осон мекунад.

Бо тавваҷуҳ ба ин таҳаввулот, ба вижа ҳамалоти густардаи Русия ба бандари Одесса, ҳатто агар тавофуқи ғаллот бори дигао тамдид шавад, амалан тавони Киев барои азсаргирии содироти ғаллот барои муддатҳо дучори вақфа хоҳад шуд.