Декабр 26, 2016 16:42 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи 4 номзад барои интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон

Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон эълом кард, ки 4 нафар барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар 12 феврали соли 2017 сабти ном кардаанд.

Ба гузориши CA News, аслитарин номзади ин интихобот Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури феълии ин кишвар аст.

Аталиев Бекмират Сахетмирадович - муовини раиси саҳомии бонки тиҷории «Рысгал»,  Аннанепесов Максат Ковусович-раиси Анҷумани саноати ғизоӣ ва Оразов Дурдигилич-раиси кумитаи Ҳизби кишоварзии Туркманистон аз дигар номзадҳои интихоботи ин кишвар ҳастанд.

Бердимуҳаммадов соли 2006, баъд аз марги раҳбари пешин Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури Туркманистон шуд.

Маҷлиси Туркманистон чанд моҳ пеш қонуни асосии ҷадидеро тасвиб кард, ки бар асоси он маҳдудияти сини номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар лағв шуд ва дубора раёсатҷумҳури низ аз 5 ба 7 сол афзоиш ёфт.

Қонуни ҷадид се моҳ баъд аз имзои Бердимуҳаммадов ба иҷро даромад.

Бар асоси Қонуни асосии пешини ин кишвар, афроди камтар аз 40 ва бештар аз 70 сол ҳаққи номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро надоштанд.