Баргузории нишасти коршиносони вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи кишварҳои узви ИДМ
(last modified Sat, 29 Jul 2023 05:40:14 GMT )
Июл 29, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти коршиносони вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи кишварҳои узви ИДМ

Нишасти коршиносони вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи кишварҳои узви ИДМ барои соли 2024 дар шаҳри Минск баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст коршиносони кишварҳои узви ИДМ дар бораи пешнависи тарҳи ройзаниҳои чандсатҳӣ байни вазоратхонаҳои умӯри хориҷа барои соли 2024 тавофуқ карданд.
Пас аз баррасии пешниҳодоти давлатҳо дар хусӯси пешнависи тарҳ коршиносони ин санадро таъйид карданд. Муқарар шуд, ки тибқи тартиби таъйиншуда ба баррасии Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви ИДМ ироа шавад .
Дар ин нишаст намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва кумитаи иҷроии кишварҳои узви ИДМ ширкат доштанд.