Таваққуфи размоиши Амрико - Австралия дар пайи суқути маргбори як чархбол
https://parstoday.ir/tg/news/world-i105578-Таваққуфи_размоиши_Амрико_Австралия_дар_пайи_суқути_маргбори_як_чархбол
Размоиши муштараки Амрикову Австралия пас аз суқути як чархбол ва кушта шудани чаҳор сарнишини он мутаваққиф шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 29, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Чархболи модели \
    Чархболи модели \"MRH - 90\" дар обҳои амиқи атрофи ҷазираи Ҳамилтон суқут кард

Размоиши муштараки Амрикову Австралия пас аз суқути як чархбол ва кушта шудани чаҳор сарнишини он мутаваққиф шуд.

Ин размоиши дусолонаи муштарак бо унвони “Тилисми шамшер” (Talisman Saber) ба раҳбарии Амрико ва Австралия аз рӯзи якшанбе (23 июл) бо ҳузури беш аз 30 ҳазор неруи низомӣ аз 11 кишвар, шомили Ҷопон, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ ва Олмон оғоз шуд ва қарор буд ду ҳафта идома дошта бошад.

Дар ин размоиш ҳамалоти мушакии дурбурд, фурӯди неру, разми ҳавоӣ ва амалиётҳои дарёӣ тамрин мешавад.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИСНА, Ричард Морлс, вазири дифои Австралия гуфт, талошҳо барои ёфтани бақоёи чархболи мутааллиқ ба артиши ин кишвар ва сарнишинони он идома дорад.

Ин чархболи модели "MRH - 90" дар обҳои амиқи атрофи ҷазираи Ҳамилтон, дар 890 километрии шимоли Brisbane (маркази иёлати Куинзланд) суқут кард.