Афзоиши бесобиқаи маргу мири вобаста ба гармо дар Амрико
Маргу мири вобаста ба гармии ҳаво дар Амрико ба сатҳи бесобиқае дар даҳаи гузашта расидааст.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Эй Би Си, мири вобаста ба гармои ҳаво дар Амрико ба сатҳи бесобиқае расида ва дар даҳаи гузашта бо афзоиши беш аз ду баробарӣ аз 837 нафар ба 1708 нафар расидааст.
Гармои сӯзони ҳаво дар саросари Амрико муҷиб шуда коркунони тиб дучори маҳдӯдият ва хастагӣ шаванд.
Ҳамчунин дар саросари кишвар мизони мири вобаста ба гармо дар моҳи июл бесобиқа буд, ки гармтарин моҳи июли сабтшуда дар рӯи кураи Замин буд.
Истгоҳи оташнишонии шумораи 60 дар омодабоши комил акнун 31 рӯз пушти сар ҳам аст, ки дамои ҳаво дар ин шаҳр беш аз 43 дараҷа аст ва ин дар таърих собиқа надорад .
Шаҳрҳои бештаре дар Амрико доранд бо гармои бесобиқа мувоҷеҳ мешаванд.
Акнӯн ҳафтумин ҳафта аст, ки мардуми Амрико дар ҳоли таҳаммули гармои бесобиқа ҳастанд .
Ба гуфтаи донишмандон иттифоқоти вобаста ба афзоиши гармии Замин бо ҳар дараҷа гармтар шудани ҳаво шадидтар ва мукаррартар хоҳад шуд. Дар моҳи июл, ки мутавассити гармои ҳаво 1.1 дараҷа гармтар аз сатҳи қабл аз саноъатӣ шудан буд, бахшҳои густардае аз Амрико,Аврупо ва Осиё зери « гунбадҳои гармо » қарор гирифтанд ва гармоӣ бесобиқа аз Чин то Италияро дар бар гирифт .
Бештар бихонед :