Дастури Путин барои банд кардани дороиҳои хориҷиҳои дар рӯйхати сиёҳ
(last modified Sat, 05 Aug 2023 07:25:52 GMT )
Август 05, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Дастури Путин барои банд кардани дороиҳои хориҷиҳои дар рӯйхати сиёҳ

Раиси ҷумҳӯри Русия қонӯнеро имзо кард, ки бар асоси он дороиҳои хориҷиҳое, ки дар феҳристи сиёҳи ин кишвари қарор гирифтаанд, банд мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси матни ин қонун дорои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳову шаҳрвандони хориҷӣ, афроди бидуни шаҳрвандӣ аз ҷумлаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки дар рӯйхати сиёҳ қарор гирифтаанд, банд хоҳад шуд .
Пеш аз ин Дмитрий Медведев-муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия эълом карда буд, ки Маскав мумкин аст дороии ширкатҳои сабтшуда дар Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигари ҳавзаҳои қазоӣ, ки равобити дӯстона бо Русия надорандро банд ва миллисозӣ кунад.
Аз оғози ҳамла ба Украина кишварҳои ғарбӣ беш аз 330 миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Русия дар хориҷ аз ин кишварро мусодира кардаанд.