Дафъи ҳамлаи паҳподии Украина ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i105896-Дафъи_ҳамлаи_паҳподии_Украина_ба_Русия
Вазорати дифои Русия аз дафъи ҳамлаи паҳподии Украина ба вилояти Маскав хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 06, 2023 19:52 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаи паҳподии Украина ба Русия

Вазорати дифои Русия аз дафъи ҳамлаи паҳподии Украина ба вилояти Маскав хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, вазорати дифои Русия эълом кард, ки ҳамлаи паҳподии имрӯз (якшанбе)-и Украина ба вилояти Маскав бо инҳидоми як ҳавопаймои бидуни сарнишин дар шаҳри Подолск дафъ шуд.

Дар гузориши вазорати дифои Русия омадааст, ин ҳамлаи паҳподӣ талафот ё хисорате дар пай надоштааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав низ эълом кард, имрӯз (якшанбе), як паҳпод дар талош барои нуфӯз ба Маскав буд, ки тавассути падофанди ҳавоии пойтахти Русия мунҳадим шуд.