Июл 31, 2016 16:18 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз авзои Арманистон

Иттиҳодияи Аврупо бо судури баёнияе дар вокуниш ба гаравгонгирӣ дар як маркази полис дар Ереван, пойтахти Арманистон, авзои ин кишварро бисёр нигаронкунанда хонд.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии Иттиҳодияи Аврупо, ин иттиҳодия дар баёнияи худ озодии фаврии гурӯҳи пизишкони гаравгон гирифташуда дар маркази полисро хостор шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Арманистон хостааст, аз ҳар гуна тавассул ба зӯр дар контроли тазоҳуроти умумӣ худдорӣ кунанд ва ба тазоҳуроткунандагон низ тавсия кардааст, ҳуқуқи мадании худро ба дур аз ҳар гуна хушунат, талаб кунанд.

Ереван, пойтахти Арманистон шадидтарин тадобири амниятии як даҳаи гузаштаро таҷриба мекунад.

Ин шаҳр шомгоҳи шанбе барои дуввумин шаб паёпай шоҳиди баргузории таҷаммуъ ва тазоҳуроти зиддидавлатӣ муқобили сохтмони раёсати ҷумҳурӣ ва порлумон буд.

Ин тазоҳурот монанди роҳпаймоии эътирозомез ва хушунатбори ҷумъашаб, ба ҳимоят аз афроди мусаллаҳе баргузор шуд, ки 15 рӯзи пеш як маркази полисро дар минтақаи Ирибони ишғол карда ва коркунони онро ба гаравгон гирифтанд ва то кунун худро таслим накардаанд.

Мардони мусаллаҳ, ки теъдоди онҳо байни 25 то 30 нафар эълом шудааст, 10 рӯзи пеш ва пас аз озод кардани гаравгонҳои қаблии худ, чаҳор узви як гурӯҳи пизишкиро, ки барои дармони маҷрӯҳон ба дохили сохтмон рафта буданд, гаравгон гирифтанд.

Гаравгонгирон аз давлати Арманистон хостаанд Жиройр Сефилён, раҳбари ҷумбиши зиддидавлатии "Арманистони ҷадид"-ро аз зиндон озод кунад.

Сефилён бар асоси раъйи додгоҳ ба ҷурми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳиммот ба зиндон маҳкум шудааст.

Барчасп