Таъкиди Байден бар маҳдуд кардани сармоягузории Амрико дар ширкатҳои фанноварии чинӣ
Раиси ҷумҳӯри Амрико фармони иҷроиро имзо кард, ки бар асоси он сармоягузориҳои хоси Иёлоти Муттаҳида дар ширкатҳои фанновариҳои ҳассос дар Чин маҳдуд мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин фармони раиси ҷумҳӯри Амрико ба вазири хазонадории ин кишвар иҷоза медиҳад то бархе аз сармоягузориҳои Иёлоти Муттаҳидаро дар ширкатҳои чинӣ дар се бахши нимарасонҳо у микроэлектроникӣ, фанновариҳои иттилооти куантомӣ ва системаҳои ҳуши маснӯъии хос мамнӯъ ё маҳдуд кунад.
Ҷо Байден дар номае ба Конгресс эълом кард, ки барои муқобила бо таҳдиди пешрафти кишварҳое монанди Чин дар ҳавзаи фановариҳои ҳассос ва маҳсӯлоти ҳаётӣ барои артиш, иттилоот, назорат ё қобилиятҳои кибернитекӣ вазъияти изтирории миллӣ эълом мекунад .
Ин пешниҳод сармоягузорӣ дар ширкатҳои чиниро дар ҳавзаи тавсеаи нармафзор барои тарроҳии тарошаҳо ва абзорҳо барои тавлиди онҳо ҳадаф қарор медиҳад.