Декабр 27, 2016 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои Русия пайдо шуд

Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои Русия дар баҳри Сиёҳ пайдо шуд.

Ба гузориши ИТАРТАСС, як манбаи огоҳ рӯзи сешанбе эълом кард, ғаввосон яке аз ҷаъбаҳо (қуттӣ)-и сиёҳи ҳавопаймои Вазорати дифои Русияро, ки дар баҳри Сиёҳ суқут кардааст, пайдо кардаанд.

Ин манбаи Вазорати ҳаводиси фавқуллодаи Русия, ки номаш фош нашудааст афзуд: “Яке аз ҷаъбаҳои сиёҳи ин ҳавопаймо дар амалиёти ҷустуҷӯ дар зери кобинаи ҳавопаймо пайдо шудааст ва ба зудӣ аз об берун оварда хоҳад шуд”.

Се ҷасад низ дар маҳалли суқути ин ҳавопаймо пайдо шудааст.

Субҳи рӯзи якшанбеи гузашта як ҳавопаймои Ту -154, ки аз фурӯдгоҳи Сочии Русия озими  Лозиқия дар Сурия буд, каме пас аз бархестан суқут кард.

Тамоми 92 мусофири ин ҳавопаймо ҷон бохтанд.

 

 

Барчасп