Амрико бузургтарин содиркунандаи ҷангафзори ҷаҳон дар 2015
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10627-Амрико_бузургтарин_содиркунандаи_ҷангафзори_ҷаҳон_дар_2015
Амрико бо фурӯши 40 миллиард доллар таслиҳот дар соли 2015, ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин содиркунандаи ҷангафзор дар ҷаҳон ҳифз кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 27, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Амрико бузургтарин содиркунандаи ҷангафзори ҷаҳон дар 2015

Амрико бо фурӯши 40 миллиард доллар таслиҳот дар соли 2015, ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин содиркунандаи ҷангафзор дар ҷаҳон ҳифз кард.

Ба гузориши Ирно, ҳифзи унвони бузургтарин содиркунандаи ҷангафзори ҷаҳон дар соли 2015 барои Амрико дар ҳолест, ки фурӯши таслиҳот дар ин сол нисбат ба соли пеш аз он андаке коҳиш дошт ва аз 89 миллиард доллар дар соли 2014 ба 80 миллиард доллар расид.

Саҳми 40 миллиард долларии фурӯши таслиҳоти Амрико дар соли 2015 тақрибан баробари ниме аз ҳамаи тавофуқоти таслиҳотӣ ва беш аз ду баробари суфоришҳои сабтшуда тавассути Фаронса, наздиктарин рақибаш аст .

Фаронса дар соли 2015 понздаҳ миллиард доллар таслиҳот фурӯхт ва Амрико ва ин кишвар саҳми худро дар ин бозор ба тартиб ҳудуди 4 ва 9 миллиард доллар афзоиш доданд .

Русия дар ин сол коҳише ҷузъӣ дар суфоришҳои таслиҳотӣ дошт ва аз 11. 2 миллиард доллар дар соли 2014 ба 11.1 миллиард доллар дар соли 2015 расид .