Паёми Илҳом Алиев ба муносибати 31 декабр
Дар ҳоле, ки давлати ҳоким бар Боку дар бораи сарнавишти мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон сиёсати хушунат, хусумат ва бетаваҷҷӯҳӣ иттихоз кардааст, Илҳом Алиев бо ирсоли паём ба озарӣ забонҳои ҷаҳон, барои касби ҳимояти онҳо талош мекунад.
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар паёме ба муносибати 31 декабр, пешопеш озарӣ забонҳои ҷаҳонро мулзам ба таъмини манофеъи Боку донист!
Илҳом Алиев дар паёме ба муносибати ончӣ, ки рӯзи ҳамбстагии озарӣ забонҳои ҷаҳон номгузорӣ шудааст, тамомии озариҳои дунёро ба талош барои таъмини манофеъи ҷумҳурии Озарбойҷон фаро хонд.
Паёми соли ҷории Илҳом Алиев дар ҳоле мунташир шудааст, ки мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон аз сиёсатҳои исломситезонаи вай ва Ҳизби ҳокими Янии Озарбойҷон ба танг омадаанд. Тайи беш аз як даҳаи гузашта, ки аз зимомдории Илҳом Алиев сипарӣ шудааст, муруре бар масоили дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон нишон медиҳад, ки сиёсати исломситезӣ муҳиммтарин сиёсати ҳокимияти Боку будааст. Дар воқеъ, аз нигоҳи Илҳом Алиев, исломситезӣ бар бозпасгирии арозии ҷумҳурии Озарбойҷон аввлавияти бештаре дорад. Ба ҳамин далел аст, ки тайи беш аз як даҳаи гузашта, масоиле назири мамнуъияти пахши азон аз баландгуҳои масоҷид , таътилӣ ва тахриби шумори зиёде аз масоҷид, кашфи ҳиҷоб дар мадорис ва боздошти густурдаи муътаризон ба ин иқдоми зиддиисломии давлати Боку дар тамоми шаҳристонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, дар аввлавияти сиёсатҳои ҳокимияти Боку қарор доштааст. Дар муқобил, ҳокимияти Боку ҳатто якгоми мусбат низ дар заминаи бозпасгирии арозии ҷумҳурии Озарбойҷон бар надоштааст.
Беш аз 98 дарсад аз ҷамъияти даҳ миллион нафарии ҷумҳурии Озарбойҷонро мусулмонон ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, давлати Боку сиёсати ҳимоят аз ақаллиятҳои ангуштшуморро дар муқоиса бо ҷамъияти мусулмонони ҷумҳурии Озарбойҷон дар пеш гирифта ва тайи беш аз як даҳаи гузашта дар дастур кор қарор додааст.
Маҳофили сиёсии мустақил дар минтақа, судури паёмҳои солонаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба озарӣ забонҳоро таҳрикомез ва талош ба манзури мудохила дар умури соири кишварҳо қаламдод мекунанд. Бадеҳӣ аст, ки интишори ин гуна паёмҳо ба вуҷуди камасар будан, метавонад ба бурузи масоили манфӣ дар равобити кишварҳои ҳамсоя мунҷар шавад. Бавижа, ки рӯзи 31 декабр рӯзи воқеии ҳамбстагии озарӣ забонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эронзамин, яъне моммеҳан аст ва ҳокимияти Боку бо ворунасозии воқеиятҳои ин рӯз, талош мекунад аз ин воқеаи азим дар ҷиҳати пешбурди аҳдофи худ, суиистифода кунад.
Воқеият он аст, ки дар авохири умри низоми ҳокимияти султаи коммунистии Шӯравӣ бар ҷумҳурии Озарбойҷон, тайи моҳҳои ноябр ва декабри соли 1989 мелодӣ , мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури ибрози алоқа ва ишқ ба сарзамини модарӣ, яъне Эронзамин, пас аз наздик ба ду қарн ҷудоӣ ва дурии иҷборӣ, ба сурати гурӯҳӣ аз мавонеъи марзии эҷод шуда, тавассути Шӯравӣ убур карда ва дар ҳавои сарди замистон худро ба руди Арас зада, ба хоки Эрон қадам гузоштанд. Касоне, ки ба хоки Эрон пой гузоштанд, тасаввур мекарданд қарордодҳои истеъмории даврони гузашта сипарӣ шуда ва онҳо бори дигар ба моммеҳан боз хоҳанд гашт. Аммо Ҳайдар Алиев, раиси вақти Шӯрои олии ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон, ки хостаҳои ояндаи мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷонро пешбинӣ мекард, аз ҳамон ибтидои вуруд ба Боку, дар соли 1993 мелодӣ, рӯзи 31 декабрро ба унвони рӯзи ҳамбстагии озарӣ забонҳои ҷаҳон номгузорӣ кард. Дар ҳоле, ки ин рӯз дар асл, рӯзи ҳамбстагии ду миллати мусулмон ва ҳамсоя будааст ва хоҳад буд.