Август 24, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Раиси
    Раиси "Вагнер" кушта шуд

Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи Вагнер дар ҳодисаи суқути ҳавопаймо кушта шуд.

Ба гузориши Ирно, манобеъи хабари гузориши доданд, ки ҳавопаймои сабки мутаалиқ ба Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи Вагнери Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар наздики Маскав пойтахти ин кишвар суқут карда ва тамоми сарнишинони он ҷон бохтаанд.

Созмони ҳавопаймои Русия мегӯяд номи Пригожин дар миёни феҳристи мусофирони ин парвоз будааст. Ин ҳавопаймо ҳомили 10 сарнишин аз ҷумла 3 хадамаи парвоз буд.

Вазорати шароити изтирории Русия, эълом кард ҳавопаймои мазкур дар масири ҳаракат аз мабдои Маскав ба Санкт-Петербу́рг дар минтақаи тур дар наздикии рустои Куженкино суқут кард.

Бар асоси ожонси ҳамлу нақли ҳавои Федератсияи Русия, таҳқиқот дар мавриди суқути ин ҳавопаймо оғоз шудаст.

Хабарҳои  такмили дар бораи ин ҳодиса мутаоқибан эълом хоҳад шуд.

Артиши хусусии Вагнер, ки фармондеҳии он бар уҳдаи Евгений Пригожин буд. ба тозагӣ ба таҳрики вай иқдом ба шуриш алайҳи Маскав кард, ки ин шуриш ноком монд.

Бештар бихонед: