Таҳлил: Таъкиди Вашенгтон бар ҳузури низомии доими Амрико дар ғарби Осиё
(last modified Sun, 27 Aug 2023 13:30:27 GMT )
Август 27, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Вашенгтон бар ҳузури низомии доими Амрико дар ғарби Осиё
    Таҳлил: Таъкиди Вашенгтон бар ҳузури низомии доими Амрико дар ғарби Осиё

Марк Милли раиси ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Амрико дар мусоҳибаи иддао кард, ки артиши ин кишвар ҳаргиз аз ғарби Осиёи хориҷ нахоҳад шуд.

ژنرال مارک میلی

Ин мақоми оли низомии Амрико дар посух ба саволи хабарнигор гуфт: Ховаримиёна барои Амрико бисёр ҳоизи аҳамият аст ва наметавон тасавур кард, ки Амрико минтақаро тарк кунад ин иттифоқ ҳаргиз нахоҳад афтод.

Ба гуфтаи Марк Милли теъдоди неруҳои амрикоӣ дар ғарби Осиё бино бар ҳаҷми таҳдиди кам ё зиёд мешавад у сипас ҳамчун дигар мақомоти Амрико терроризм ва ДИИШ-ро баҳонаи ҳузури низомӣ дар Ироқ ва Сурия эълом карду гуфт: ДИИШ ва идеалогияи он бо вуҷуди поёни хилофат ҳануз аз байн нарафтанд ва ҳамчунон бархе террористҳо ҳастанд, ки дар биёбони Сурия ва то ҳудуди дар Ироқ рафту омад мекунанд ва ин таҳдиди барои Урдун аст.

У афзуд агард артиши Амрико ба як бора иқдом бар хуруҷ аз минтақа кунад террористҳо бори дигар худро бозёби карда ва тавонманд мешаванд.

Изҳороти Марк Милли дар бораи афзоиши фаъолияти ДИИШ дар Сурия дар ҳоле аст, ки бисёри аз манобеъи низомӣ ва аниятии русӣ ва сурӣ муътақиданд, ки Амрико даст ба таҷҳиз ва омузиши ДИИШ дар биёбонҳои маркази ва шарқии Сурия мезананд.

Таъкиди болотарин мақоми низомии Амрико бар ҳузури доими Амрико дар ғарби Осиё бо таваҷуҳ ба таҳавулоти чанд соли ахир дар минтақа аз як су ва тарадуди муттаҳидони минтақаӣ Вашенгтон дар бораи пойдории Амрико бар таъаҳудоти дифои худ сурат гирфта аст.

Хуруҷи фоҷеъабор ва дар воқеъ фирори низомии Амрико аз Афғонистон таъсири бисёр манфи бар муттаҳидони минтақаӣ Вашенгтон барҷой гузошт ва сабаби бадгумонии фазояндаи онҳо ба вижа бархе кишварҳои ҷавнби Халиҷи Форс монанди Арабистони Саъудӣ, Аморот ба пойбандии Амрико дар қиболи амнияти ин кишварҳо шуда аст.

Аз замони аз сарикоргирии равобити Эрон ва Арабистон мақомоти амрикоӣ аз ҷумла  Вилям Бернс мудири созмони амнияти Амрико ва Ҷейк Салливан мушовири амнияти миллии Амрико борҳо ба таври маҳрамона ва ошкор ба Арабистон сафар карданд ҳамчунин Вашенгтон ба таҳарукоти сиёсии худ бо Риёз шиддат бахшид ва дар пайи дидори вазири хориҷаи Эрон бо Муҳаммад бин Салмон валиаҳди Арабистони Саъудӣ, Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико низ дар пайи дидор бо аст.

Рузномаи амрикоӣ Волестержурнал дар аволили августи соли 2023 дар гузориши навишт: Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Амрико ва Арабистони Саъудӣ бар руи шароити куллии густарда тавофуқи Арабистони Саъудӣ барои ба расмият шинохтани Исроил дар ивази имтиёзоти ба фаластиниҳо тазминҳои амниятии Амрико ва кумакҳои ҳастаӣ ғайринизомӣ ба атвофуқ расиданд ин масъала нишон медиҳад ки Вашенгтон дар пайи қарордори паймони дифоъӣ бо Ризёз аст.

Баҳонаи аслии Амрико барои идомаи истиқрори неруҳои низомии худ дар ғарби Осиё иддао таҳдид аз суи Эрон ва муттаҳидҳонаш дар минтақа зидди шарикони минтақаи Амрико аст.

Дар айниҳол изҳороти мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Марк Милли дар бораи ҳузури низомӣ дар ғарби Осиё дар ҳоле матра шуд, ки Вашенгтон дар солҳои гузашта дар натиҷаи рақобат бо Чин амалан тавҷиҳашро ба дигар манотиқи дунё аз ҷумла ғарби Осиё коҳиш дод ва бар минтақа минтақаи Ҳинди ором, ки бисёр густрада буд ва нуқтаи сиқли сиёсат ва иқтисоди ҷаҳони дар қарни 21 маҳсуб мешавад тамаркуз карда аст.