Таҳлил: Брикс ва қутбъ бандии ҷаддиде дар сатҳи низоми байналмиллал
Бо пайвастани шаш кишвари ҷаҳон ба гурӯҳи Брикс,ин гурӯҳ 11 кишвари қутбъ бандии ҷаддиде дар сатҳи ҷаҳонӣ эҷод хоҳад кард.
Понздаҳумин нишасти сарони «Брикс» ҳафтаи гузашта дар минтақаи молии «Сандтон» Ҷоҳаннесбург дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд. Раиси Ҷумҳӯри Африқои Ҷанубӣ дар нишасти хабари муштарак бо сарони кишварҳои Русия,Чин, Бразиля ва Ҳинд, мувофиқати гурӯҳи Брикс бо пайвастани Эрон, Аргентина. Арабистон, Миср, Иморот ва Етиопия ба ин гурӯҳро эълом кард. 6 узви ҷаддид дар оғози соли 2024 ба таври расми ба узвияти ин гурӯҳ дармеояд. Арабисиони Саъудӣ, Эрон, Етиопия, Миср, Аргентина ва Имороти Муттаҳидаи Арбӣ,пас аз ин иттифоқ, таҳлилҳои мухталиф дар хусуси ҷойгоҳи Брикс дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ шуд.
Яке аз таҳлилҳо ин аст. ки бо пайвастани шаш кишвари ҷаддид, ки ҳар як ба лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ аҳамияти зиёде доранд. Гурӯҳи Брикс метавонат қутбъ бандии ҷаддиде дар сатҳи низоми ҷаҳонӣ эҷод кунад. Иллати асли чунин дидгоҳ ин аст, ки аъзои қадим ва ҷаддиди Брикс аз як сӯ саҳми бузурге аз иқтисоди ҷаҳон доранд ва аз суйи дигар мухолифи назми сиёсии якҷонибагарро дар низоми ҷаҳонӣ ҳастанд. Солим Носир коршиноси ҳуқуқи байналмиллалӣ дар донишгоҳи FGV Direito SP Бразиля, мегӯяд дархостҳо барои узвият дар Брикс нишон медиҳад, ки тағиироти мудовим дар тавозуни қудрати ҷаҳонӣ вуҷӯд дорад. Брикс қутбъи ҷаддид аз қударти қитисодӣ ва сиёсӣ аст, ки бо султагарии Армикои Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Таҳлилгари турк ҳам дар ин бовар аст, ки Брикс яке аз муҳимтарин аркони назми навини ҷаҳон маҳсуб мешавад ва зарбаи сангине бар ҷанги қудрати сиёсӣ- энержии Амрико ворид кардааст.
Мавзӯъи дигар ин аст, ки аъзои Брикс аъам аз аъзои собиқ ва ҷаддид метавонанд дар ҳавзаи иқтисодӣ тасмимоти муҳиме дар сатҳи ҷаҳонӣ иттихоз кунанд. Ин таъсиргузори ба таври хос дар ҳавзаи энержи дар сатҳи болое хоҳад буд зеро Арабистони Саъудӣ, Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Имрот дар зумраи бузургтарин кишварҳои тавлид кунандаи нафт дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Ҳамсӯйи бо иштироки назари ин кишварҳо дар ҳавзаи энержи метавонад барои кишварҳои Ғарбӣ табаъоти зиёде дошта бошад ва иқтисодӣ ҷаҳониро низ таҳти таъсир қарор диҳад. Ҳамчунин густариши Брикс саҳми ин гурӯҳ аз содироти ҷаҳониро аз 20.2 дарсад ба 25.1 дарсад афзоиш медиҳад, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст, ки то соли 2025 иқтисоди кишварҳои Брикс бо иқтисодҳои сарватмандтарини кишварҳои ҷаҳон рақобат хоҳад кард.
Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки Брикс метавонад рақиби ҷиддӣ барои гурӯҳи 7 (шомили Амрико, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон ва Британия) бошад. Бо пайвастани шаш кишвари ҷаддид ба Брикс, хабаргузориҳои Русия дар таҳлили омори навиштанд мавзӯъи тавлидоти нохолиси дохилӣ (GDP) Брикс тавсиа ёфта аз назари баробарии қударти харид тақрибан 65 триллион доллар хоҳад буд, ба ин тартиб саҳми ин гурӯҳ аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонӣ аз 31.5 дарсади феъли ба 37 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳоле аст, ки саҳми гурӯҳи 7 аз иқтисоди пешрафта дар ҳол ҳозир ҳудуди 29.9 дарсад аст. Дар ҳамин ҳол, 11 кишвари гурӯҳи Брикс 45.5 миллион киламетр мурабаъ масоҳат хоҳанд дошт, ки 36 дарсад аз масоҳати ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва ин рақам беш аз ду барбари гурӯҳи ҳафт аст. Маҷмъи ҷамъияти онҳо ба 3.6 миллиард нафар хоҳад раисд, ки 45 дарсад аз кулли ҷаҳон ва беш аз чаҳор баробар болтар аз гурӯҳи 7 аст.