Сентябр 02, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Полянский : Хатари даргирии мустақими байни Русияву НАТО вуҷуд дорад

Муовини аввали намояндаи доими федерасиюни Русия дар Созмони Миллал гуфт : Борҳо ва ба таври мудовим ҳушдор додаем, ки вазъият комилан хатарнок аст ва хатари даргирии мустақими байни Русияву НАТО вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Полянский дар гуфтугуи зинда бо корбарони шабакаи иҷтимои Х ( Твиттери собиқ ) дар хусӯси изҳороти Такри Карлсон-рӯзноманигор дар заминаи эҳтимоли даргирии низомии байни ин ду кишвар гуфт : Иқдомоти таҳоҷумии Иёлоти Муттаҳида дар ниҳоят мумкин аст ба рӯёрӯии мустақими байни Русияву НАТО мунҷар шавад.
Дипломати русӣ идома дод солҳои зиёде аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба унвони ҷангафрӯз шинохта мешавад .
Полянский хотирнишон кард, ки эътилофи Атлантикаи шимолӣ " башиддат даргири ҷанг дар Украина аст " ва наметавон мутмаин буд, ки илова бар таслиҳоту муҳимот кишварҳои ғарбӣ артиши худро ба Украина намефиристанд ва мушорикати онҳо дар бархе иқдомот хос аст.






 

 

Барчасп