Сентябр 05, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои Украина дар бораи сарнагунии паҳподҳои Русия

Вазорати дифои Руминия иддаоҳои сухангӯи Вазорати хориҷаи Украина дар бораи сарнагунии паҳподҳои Русия дар қаламрави Руминияро рад кард.

Олег Николенко-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Украина рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки паҳподҳои Русия дар нимашаби гузашта ( якшанбе ) дар наздикии шаҳри бандарии « Измаил » ، дар қаламрави Руминия сарнагун ва мунфаҷир шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории русии РИА Новости,Вазорати дифои Руминия дар баёнияе тасреҳ кард, ки иттилооти фазои маҷозӣ дар бора рухдоде, ки дар шаби сеюму чаҳоруми сентябр рух дод ва гуфта шуд, ки паҳподҳои Русия дар қаламрави Руминия суқӯт кардаро такзиб мекунад .Вазорати дифои Руминия ҳамчунин афзуд : Силоҳҳои Русия ҳаргиз « таҳдиди мустақиме барои қаламрав ё обҳои қаламрави Руминия набудааст » .

 

Барчасп