Размоиши муштараки Арманистон ва Амрико
Вазорати дифоъи Арманистон баргузории размоиши муштарак бо Амрико аз рузи ҷумъаро тайид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИСНА, Вазорати дифоъи Арманистон дар баёнияи зимни эъломи ин хабар таъкид кард: Размоиши шарикии Уқоб 2023 аз 11 то 20 сентябр ба муддати 10 руз баргузор хоҳад шуд.
Вазорати дифоъи Арманистон дар ин баёния ҳадафи ин тамрини низомиро омодасозии неруҳо барои ширкат дар амалиёти сулҳбонии байналмилалӣ эълом кард.
Русия, ки пойгоҳи дар Арманистон дорад имруз эълом кард, ки ин размоишро аз надик зери назар дорад.
Эҷоди ҳамоҳанги дар неруҳои сулҳбони Арманистон дар амалиёти сулҳбони ва ҳамчунин афзоиши омодагии неруҳои арманӣ барои ширкат дар барномаҳои арзёбии НАТО низ аз аҳдофи ин размоиш унвон шуданд.
Гуфтани аст Арманистондар ҳафтаҳои ахир шоҳиди ташдиди танишҳои марзи бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аст ва рузҳои пуртанишро сипари мекунад.