Сентябр 07, 2023 11:44 Asia/Dushanbe
  • Муъовини Бойден барои ҷонишини дар симати раёсатҷумҳурии Амрико эъломи омодагӣ кард
    Муъовини Бойден барои ҷонишини дар симати раёсатҷумҳурии Амрико эъломи омодагӣ кард

Муъовин Ҷу Бойден раисҷумҳури Амрико гуфт: Ба унвони муъовини раисиҷумҳур, омодаам дар сурати ниёз бори масъулияти раисҷумҳурии Амрикоро бар уҳда бигирам.

Муддати  чор соли гузашта Ҷу Бойден раисиҷумҳури Амрико лаҳзоти бешумореро аз сар гузаронда, ки тайи он нишон додааст аз 100 дарсад омодагӣ ва тавони мавриди ниёз барои анҷоми вазоифи раёсатҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида бархурдор нест.

Бар асоси қавонини Иёлоти Муттаҳида, фақат дар сурати  эҳтимоли брузи иттифоқе, ки сабаб шавад Бойден аз уҳдаи ифои вазоифи расиҷумҳурии Амрико бар наояд, ҳамеша гузина муъовини раисиҷумҳури  вуҷҷӯд дорад ва ба тозагӣ аз Камала Ҳаррис дар мавриди ин эҳтимол савол шуд ва ӯ тавзеҳи возеъ дар мавриди омодагии худ ироа кард. 

Ҳаррис дар посух ба ин савол, ки агар барои Бойден иттифоқе биафтад оё ҷонишини ӯ хоҳад шуд, посух дод: Барои Бойден мушкили пеш нахоҳад омад аммо бояд ин воқеиятро  дар назар дошат бошем, ки ҳар шахсе, ки муъовини як раисиҷумҳур мешавад, бояд аз ин амр мутолеъ бошад, ки вақте савганд ёд мекунад, ба рушани дар мавриди бори масъулиятие, ки мумкин аст ба унвони расиҷумҳур бар души вай гузошта мешавад, огоҳ бошад ва ин мавзӯъ дар мавриди ман ҳам сидқ мекунад.

Ҳаррис афзӯд: Ман ба унвони муъовини раисиҷумҳури Амрико омодаам дар сурати ниёз, бори масъулияти расиҷумҳурии Амрикоро бар уҳда бигирам.

Тибқи  натоиҷи охарин назарсанҷии анҷом гирфта тавассути нашрияи Вол Стрит Журнал, 73 дарсад аз ширкат кунандагон дар ин назарсанҷи муътақиданд Бойден барои номзади интихоботии раёсатҷумҳури беш аз ҳад пир аст.

Ҷу Бойдени 80 сола, ки пиртарин раисиҷумҳури таърихии Амрико маҳсуб мешавад,дар сурате, ки битавонад ба Кохи Сафед боз гардад давраи дуввуми раёсатҷумҳуриаш дар соли 2029 ба поён мерасад ва то он ҳангом 86 сола хоҳад шуд.