Декабр 28, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • Такзиби террори намояндаи Русия дар НАТО

Хабари яки хабаргузории олмонӣ дар бораи террори намояндаи Русия дар НАТО такзиб шуд.

Хабаргузории Олмон рӯзи 19 декабр ин хабарро ба нақл аз Вазорати дифои Русия мунташир кард дар ҳоле, ки асосан чунин хабаре аз сӯи ин вазоратхона мунташир нашудааст .

Ҷумъа 16 декабр пайкари беҷони Йвес Шанделон, намояндаи ҳисобраси аршади НАТО дар умури терроризм ва пулшуӣ дар Белгия бо як гулула дар сараш дар 100 километрии манзил ӯ дар шаҳри Ленс пайдо шуд .

Бархе расонаҳо ба иштибоҳ Шанделонро сафири Русия дар НАТО муаррифӣ карда буданд .

Марги Шанделон се рӯз қабл аз террори сафири Русия дар Анкара дар 19 декабр рух додааст .