Гутерриш : Чашмандозе барои поёни ҷанги Украина дар ояндаи наздик вуҷуд надорад
(last modified Sat, 09 Sep 2023 06:20:54 GMT )
Сентябр 09, 2023 11:20 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш : Чашмандозе барои поёни ҷанги Украина дар ояндаи наздик вуҷуд надорад

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфт : Дар шароите ки Маскав ва Киев ба дунболи дастёбӣ ба аҳдофашон аз тариқи зӯр ҳастанд, умеде барои расидан ба роҳи ҳалли сулҳомез барои поён додан ба даргириҳо дар Украина дар ояндаи наздик вуҷуд надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо баёни инки ду тараф ( Русия - Украина ) ҳануз тасмимашон бар идомаи додани даргириҳо аст, афзуд : Наметавон дар ояндаи наздики як роҳкори сулҳомез барои поёни ҷанг мутасаввир буд.
Изҳороти Гутерриш дар ҳоле аст, ки вебгоҳи шабакаи хабарии Рашатодей навишт : Украина дар моҳҳои гузашта дар ростои талош барои шикастани хутути дифоии Русия 66 ҳазор неру ва 7600 таҷҳизоти сангини низомиро ба кор гирифтааст .
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа эълом кард ҳаддиақал 21 амалиёти таҳоҷумии низомиёни украинӣ ба мавозиъи неруҳои Русия таи як рӯз дафъ шуданд.