Ақимсозии 33 ҳазорнафар дар Шветсия ба баҳонаи ислоҳи нажодӣ
Давлати Шветсия тайи чиҳил сол тарҳеро барои ислоҳи нажод дар дастури кор қарор дод ва ҳудӯди 33 ҳазор нафарро ақим(нозо кардан) кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кишвари Шветсия байни солҳои 1934 то 1976 тибқи як тарҳи ислоҳи нажодӣ бар пояи илми зистшиносии нажодӣ, ҳудӯди 33 ҳазор нафар аз мардуми Шветсияро бо тавассул ба зӯр ақим танзим кард то аз шари афроди ба истлоҳ заъиф халос шаванд!
Қурбониён аз миёни ҷавонон, ки бештари онҳо зан буданд, интихоб мешуданд. Онҳо ба далели «нотавонии зеҳнӣ» , «саркаш будан» ё «нажоди дурага» мавриди ақимсозӣ қарор мегирифтанд. Мақомоти Шветсия бар ин бовар буданд, ки дар ҳоли эҷоди ҷомеъае ҳастанд, ки мавриди ғибтаи ҷаҳонён хоҳад буд.
Ба гузориши пойгоҳи интерентии шабакаи телевизионии« Евронюз» , Ҷил Сондест, филмсози 71 сола, ки то кунун дар мавриди ториктарин лаҳазоти торихии хонаводааш бо касе суҳбат накарда буд, дар ин бора гуфт: Ин розе буд, ки касе ҷуръати суҳбат кардан дар мавриди онро надошт. Ҷомеъа шармандаи он буд, ки мардум дар Шветсия маҷбур ба ақимсозӣ мешуданд!
Вай замоне, ки мутаваҷҷеҳ шуд чаҳор амакаш ба зӯр ақим шудаанд, дар шок фурӯ рафта буд ва дар ин бора гуфт: Онҳо ақим шуданд, зеро фақир буданд. Ҷурми онҳо фақр буд.