Партоби қарибулвуқуи аввалин моҳвораи Арманистон
Амрманистон дар поёни ноябр аввалин моҳвораи худро бо мушаки "SpaceX" ба фазо партоб мекунад.
Ба гузориши радиои умумии Арманистон озмоишгоҳи таҳқиқот фазоӣ "Bazoomq"-и Арманитон, ки маъмурияти эҷоди фурсатҳо ва рушди идомадори қобилиятҳо барои охирин таҳқиқоти фазоӣ ва омузиш ва ташкили стартапҳоро бар уҳда дорад бар руи моҳвораи ин кишвар бо мадели "CubeSat" ба номи "Hayasat-1" кор мекунад.
Ҳойк Мортирусиён узви ҳайатлмудира ва мудири фаннии "Bazoomq" гуфт озмоиши ин моҳвора то охири сентябр ба поён мерасад ва дар моҳи ноябр ба кумаки мушаки фолкун "SpaceX-9" партоб хоҳад шуд.
Моҳвораи "Hayasat-1" бо вазни ҳудуди 1 килограм ҳар 90 дақиқа як бор гирди замин мечархад.
Бунёнгузорони "Bazoomq" дар садади густариши ҳамкори бо давлат ва донишгоҳо дар ояндаи наздик ҳастанд.