Ҳамлаи интиҳорӣ ба як намояндаи маҷлис дар Кобул
(last modified Wed, 28 Dec 2016 13:37:02 GMT )
Декабр 28, 2016 18:37 Asia/Dushanbe

Бар асари як таркиши нисбатан қавӣ дар ғарби шаҳри Кобул Факурии Биҳиштӣ, узви маҷлиси намояндагони Афғонистон захмӣ шуд.

Ба гузориши манобеи хабарии Афғонистон, гуфта мешавад, ки муҳоҷими интиҳорӣ мошини Факурии Биҳиштӣ, узви маҷлиси намояндагони Афғонистонро ҳадаф қарор додааст.

 Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки ноамнӣ рӯз ба рӯз дар Афғонистон дар ҳоли густариш аст.

Гузоришгар: Маҳдии Маҳмудободӣ аз Кобул, хабарнигори Хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон.