Тафсир. Даври ҷадиди танишҳои Туркия ва Аврупо + назари коршинос
(last modified Mon, 18 Sep 2023 08:00:30 GMT )
Сентябр 18, 2023 13:00 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Туркия ба гузориши ахири Порлумони Аврупо
    Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Туркия ба гузориши ахири Порлумони Аврупо

Вазорати умури хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе гузориши ахири Порлумони Аврупоро, ки рӯзи 13 сентябр мунташир шуд, пур аз иттиҳомоту пешдовариҳои ноодилона ва муттакӣ бар гузоришҳои нодуруст тавсиф кард.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Туркия омадааст: Гузориши Порлумони Аврупо пур аз иттиҳомоти ноодилонаву пешдоварии мубтанӣ бар иттилооти нодурусти маҳофили зидди Туркия аст.

Вазорати умури хориҷаи Туркия ҳамчунин Порлумони Аврупоро ба кӯтаҳбинӣ ва эъмоли сиёсатҳои популистӣ муттаҳам ва эълом кард, иқдомоти Порлумони Аврупо ба ҷои музокира дар мавриди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо ғайримантиқӣ аст.

Дар гузориши таҳияшуда тавассути ниҳодҳои аврупоӣ, давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба бетаваҷҷуҳӣ ба таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия, ба вижа пас аз ҷанги Украина муттаҳам шудааст. Ин ниҳоди аврупоӣ афзудааст, Туркия дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал ба таври расмӣ нақши Русия дар муноқишаи Украинаро маҳкум мекунад, аммо дар амал аз таҳримҳои хориҷ аз чорчӯби Созмони Милал ҳимоят намекунад. Порлумони Аврупо бо раъйи аксарият гузориши Омур, гузоришгари Иттиҳоди Аврупо дар умури Туркияро пазируфт ва эълом кард, ки бо ин шароит узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо номумкин аст. Гузориши Омур бо 434 раъйи мувофиқ ба рағми 18 раъйи мухолиф ва 152 раъйи бетараф дар раъйгирии Маҷмаи умумии Порлумони Аврупо таъйид шудааст. Порлумони Аврупо дар охирин гузориши солонаи худ Туркияро ба далели равобити наздик бо Русия ва мавориди дигар сарзаниш кардааст. Коршиносон маҳкумияти сиёсатҳои дугонаи Туркия тавассути Аврупо ва вокуниши тунди давлати Анкара ба ин иқдомро дар ростои идомаи танишҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо қаламдод мекунанд.

Дар ҳамин иртибот Ҳасан Унол, устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмилал дар донишгоҳи Бошкенти Анкара ва коршиноси барҷаставу соҳибназари турк дар умури сиёсӣ гузориши ахири Порлумони Аврупо дар мавриди Туркияро беаҳамият қаламдод карду гуфт: Фақат метавонам бигӯям, ки Порлумони Аврупо ба таври хос одат дорад гузоришҳои зидди Туркия мунташир кунад, ки дар Туркия ҷиддӣ гирифта намешавад.

Тардиде нест, ки утоқи фикри давлати Эрдуғон талош дорад то аз ҳар равзанае ба манзури баҳрабардорӣ аз ниҳодҳои ғарбӣ ва ҳатто кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар ҷиҳати манофеи Туркия баҳрабардорӣ кунад.

Давлати Анкара ибтидо мубориза бо Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) ва вазъи маҳдудият барои аъзои ин ҳизб дар Шветсияро шарти пазириши ин кишвар дар НАТО эълом карда буд. Аммо раиси ҷумҳурии Туркия каме баъд қабули дархости Стокголмро ба шарти дигаре манут ва эълом кард: Аврупоиҳо ба ивази пазириши Шветсия дар НАТО мебоист бо узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо мувофиқат кунанд. Порлумони аврупо низ дар гузориши ахири худ гуфт, фароянди пайвастани як кишвар ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бо раванди илҳоқи кишвари дигар ба Иттиҳоди Аврупо муртабит бошад.

Ба ҳар ҳол, чунин ба назар мерасад, ки гузориши ахири Порлумони Аврупо ва вокуниши давлати Туркия ба ин иқдом ба даври тозаи як даргирӣ ва таниши лафзии ҷадиде миёни ду тараф муртабит бошад. Бадеҳӣ аст, ки раванди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо, ки аз чандин даҳаи пеш матраҳ шудааст ва ҳамчунон идома дорад, дар ниҳоят бенатиҷа хоҳад буд. Ба ҳамин далел мақомҳои давлати Анкара ба ҷои талош барои ҳамгароӣ бо давлатҳои ғарбӣ ва ниҳодҳои аврупоӣ, беҳтар аст аз ҳамакнун барои пайвастан ба ниҳодҳои машриқзамин ва ва равобити наздиктар бо кишварҳои мустақиле назири Эрон, Русия ва Чин талош кунанд.