Мухолифати Аврупо бо сиёсатҳои Толибон зидди занон
Ҳамзамон бо баргузории нишасти маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки ақибнишини аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон пазируфтани нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Иттиҳодияи Аврупо бо интишори баёнияи эълом кард, ки ақибнишини аз ҳуқуқи занонро дар Афғонистон намепазирад ва ҳаргуна маҳдудият дар ин заминаро маҳкум мекунад.
Ин баёния афзуд: Ҳукумати кунунии Афғонистон маҳдудиятҳои зиёдеро дар заминаи омузиш ва кор ҳамчунин тафриҳ зидди занон вазъ карда аст.
Иттиҳодияи Аврупо таъкид карда аст аз Толибон мехоҳем ки ба ҳамаи мавориди нақзи ҳуқуқи башар ва нақзи қавонини байналмилалии башардустона дар Афғонистон поён диҳад.
Дар ин баёнияи омада аст Иттиҳодияи Аврупо ба ҳимояти худ аз занони афғон то расидан ба ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии онҳо идома медиҳад.