Вокуниши Байден ба интиқодот пайромуни сини болои худ
Пиртарин раиси ҷумҳурии таърихи Амрико изъон кард, ки мутаваҷеҳи сини болои худ аст аммо ҳамчунон қасди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024-ро дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҷо Байдени 80 сола ки маъмулан аз сухангуфтан дар бораи сини худ парҳез мекунад ин бор тайи як маросими ҷамоварии кумакҳои моли дар театри Бародуви дар шаҳри Ню-Йорк гуфт: Бисёри аз мардум зоҳиран бар руи сини ман мутамаркиз шуданд ман чунин чизеро дар мекунам ман бештар аз ҳар шахсии дигари медонам.
Байден афзуд: Ман дар рақобатҳои интиоботии раёсати ҷумҳарии 2024 ширкат мекунам зеро демокроси дар хатар аст. Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ва дигар ҳамроҳони ҷумҳурихоҳи у мусамам ҳастанд то демокросии Амрикоиро нобуд кунанд.
Натиҷаҳои назарсанҷии Си Би Эс Нюз нишон медиҳад агар Ҷо Байден бори дувум раиси Ҷумҳурии Амрико шавад танҳо 34 дарсад фикр мекунанд у то поёни даврааш раиси ҷумҳури хоҳад монд ва 44 дарсад муътақиданд у пеш аз поёни давраш кохи сафедро тарк хоҳад кард.