Октябр 01, 2023 19:11 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳайати СММ  ба Қарабоғ

Ҳайати эъзомии Созмони милал ба Қарабоғи Кӯҳӣ вориди Хонкендӣ шуд.

Стефан Дужаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид дирӯз (шанбе) гуфт, барои аввалин бор дар 30 соли гузашта ба манзури расидагӣ ба ниёзҳои сокинини Қарабоғи Кӯҳӣ, ҳайате аз сӯии ин ниҳоди байналмилалӣ ба минтақа эъзом хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, ҳадафи маъмурияти ҳайати эъзомии Созмони милал, ошноӣ бо вазъияти майдонӣ ва таъйини ниёзҳои башардӯстонаи сокинони минтақа унвон шудааст.

Ин ҳайат шомили намояндагони ожонсҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид аст.

 

Барчасп