Октябр 07, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Беларус : Иттиҳоди Амрикову Аврупо дар ҷанги Украина воқеӣ нест

Раиси ҷумҳӯри Беларус дар изҳороте гуфт : Аврупову Амрико ҳар чи қадр ҳам, ки талош кунанд то худро дар ҷанги Украина муттаҳид нишон диҳанд, аммо ҳеҷ иттиҳоде надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳӯри Беларус бо ишора ба инки Аврупо намехоҳад дар ҷанг бошад ва дар ҳоле ки ташдиди муноқишаи Украина бархилофи манофеъи он аст, аммо ҷанг дар сарзамини Аврупо ҷараён дорад, таъкид кард : Ин дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида аз оташи ҷанг дур аст ва танҳо бори масъӯлияте, ки дар ин робита бар душ мекашад, ин аст ки мошинҳои чопи искиноси худро дар тӯли 24 соъат машғӯли чопи доллар нигоҳ доштааст.
Раиси ҷумҳӯри Беларус ҳамчунин бо баёни инки дар ҳоли ҳозир омори талафоти Украина дар ин ҷанг аз ним миллион нафар фаротар рафтааст, хотирнишон кард : Ҷавонони украинӣ намехоҳанд ба ҷанг сафарбар шаванд .
Ҷанги Украина бо ҳамаи паёмадҳои густардаи сиёсӣизомӣ,иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангиаш бистумини моҳи худро мегузаронад ва ирсоли таслеҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.



 

 

Барчасп