Октябр 07, 2023 11:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил - Нигаронии Байден аз ихлол дар кумакҳо ба Украина + Назари коршинос
    Таҳлил - Нигаронии Байден аз ихлол дар кумакҳо ба Украина + Назари коршинос

Даргириҳои дохилии Ҷумҳурихоҳони музокироти буҷет дар Маҷлиси намояндагони ин кишварро печида карда ва сабаби нигаронии Кохи Сафед аз идомаи ҳимоят аз Киев ба унвони авлавияти аслии сиёсати хориҷаи давлати Байден шудааст. Дар ин росто Ҷу Байден раиси Ҷумҳӯри Амрико рӯзи чаҳоршанбе ибрози нигаронӣ кард, ки ҳарҷу марҷ дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида мумкин аст боиси эҷоди ихлол дар ироаи кумакҳои ин кишвар ба Украина шавад.

Байден дар посух ба ин пурсиш ки оё нигарон аст, ки Иёлоти Муттаҳида натавонад қавлҳои худ дар мавриди ироаи кумак ба Украинро ба далел бе назмии мавҷӯд дар Конгресси Амрико ҷомаи амал бапушанд, гуфт : Ин мавзӯи манро нигарон кардааст аммо бо ин вуҷӯд мутмаин ҳастам ки аксарияти намояндагони ҳар 2 ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ва Сано пештар эълом кардаанд, ки аз ироаи кумакҳо ба Украина ҳимоят мекунанд .

Ибрози нигаронии Байден дар бораи тадовуми кумакҳои Вашингтон ба Киев бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти ахир дар Маҷлиси намояндагон яъне барканорӣ «Kevin McCarthy » раиси Ҷумҳӯрхоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико иброз шуда, ки дар райгирии рӯзи сешанбеи 3 октябр дар ин Маҷлис ва дар ҷараёни ҷанги дохилии байни Ҷумҳӯрихоҳони тундраву муътадил аз сӯии аъзои ин Маҷлис барканор шуд. Ҷумҳӯрихоҳони тундрав ва  тарафдорони Трамп ба далели тавофуқи Kevin McCarthy бо давлати Байден барои афзоиши сақфи бидеҳи ва тасвиби буҷети кӯтоҳмуддат аз амалкарди вай розии набуданд. Тасвиби тарҳи пешниҳодии Kevin McCarthy барои таътил нашудани давлати Федерол албата як муъзали бузург яъне адами кумак ба Украинаро ба ҳамроҳ дошт, ки ин масъала зарбае бузург ба сиёсати давлати Байден барои тадовуми ироаи кумакҳо ба Украинааст. Дар воқеъаи Маҷлиси намояндагон дар ҳоле бо тасвиби як лоиҳаи муваққат, монеъи таътилии давлати Федероли Амрико шуд, ки ҳазфи яке аз авлавиятҳои давлати Байден ки ҳамон кумак ба Украинааст, метавонад ҳамзамони зарбае барои раиси Ҷумҳӯри Амрико ва  ҳамтои украинии ӯ маҳсӯб шавад. Ҷу Байден дар ниҳоят барои ҷилавгирӣ аз таътилии давлат то 45 рӯзи дигар як лоиҳаи муваққатро ба имзои расонад. Вай агарчӣ бо ин кор бисёреро дар Вашингтон таҳти таъсир қарор дод. аммо яке аз авлавиятҳои аслии худ ки ҳамон кумак ба Украинаастро низ дар маърази хатар қарор дод .

Нуктаи муҳим, ин,ки Ҷумҳӯрихоҳони тундрав дар Маҷлиси намояндагони Амрико ба шиддат бо идомаи кумакҳои Вашингтон ба Киев барои ҷанг алайҳи Русия мухолиф буда ва  хоҳони қатъи кумакҳои Амрико ба Украина ва  ихтисоси манобеи молӣ ба умури дохилии Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла барои назорати бештар ба марзҳо шудаанд. Намояндаи тундрави Ҷумҳурихоҳ дар Экс навишт : На як пени дигар барои Украина! Ман аз ҳеҷ кас барои раёсатии Маҷлис ҳимоят нахоҳам кард, ки долларҳои молиётии Амрикоро ба кишвари фосиди Украина бифиристад ! Аз марзи Амрико дифо кун!!

Байден дар июли 2023 аз Конгресси ин кишвари хоста буд то 24 миллиард доллари кумаки бештар ба Украинаро тасвиб кунад. Кохи Сифед рӯзи сешанбе эълом кард, ки сатҳи буҷети муваққати феъли ҳудӯди 2 моҳи дигар идома хоҳад дошт, ки ин амр ба маънои ин аст, ки то 2 моҳи оянда имкони тасвиби кумаки бештар ба Украина дар Конгресси Амрико вуҷӯд нахоҳад дошт .

Масъалаи муҳими ин,ки акнӯн дар ҷидоли байни Ҷумҳурихоҳони тундрав ва муътадил, интихоби раиси баъдии Маҷлиси намояндагон дар ҳоле аз ибҳоми қарор гирифта ва ҳатто дар сӯрати иҷмоъи намояндагони Ҷумҳурихоҳ ва интихоби як раиси ҷадид, аммо хостаи аслии ҷиноҳии тундрав яъне коҳиш ё қатъи кумакҳо ба Украина дар садри хостаҳои онҳо хоҳад буд. Дар ин миёни мавзегирии ахири Доналд Трамп раиси Ҷумҳӯри собиқ ва номзади калидии Ҷумҳурихоҳон барои интихоботи раёсати Ҷумҳурии 2024 ба тақвияти мавзеи Ҷумҳуихоҳони тундрав кумак мекунад. Трамп пешниҳод кард Вашингтон ҳазинаҳое, ки барои Украина кард, ки ба гуфтаи  ӯ 175 миллиард доллар аст-ро то замоне, ки Аврупо бо Амрико дар ин ҳазина баробар нашуда, мутаваққиф кунад. Трамп дар шабакаи иҷтимоъии худ навишт : То замоне, ки Аврупо бо пӯле ки Амрико барои дифоъ аз Украина харҷ мекунад баробар нашавад, ҳеҷ доллардигаре  набояд дод! Албатта Байден пештар эълом кард, ки як манбаи ҷойгузин барои идомаи ироаи кумак ба Украина вуҷӯд дорад аммо аз тавзеҳи бештар дар ин маврид худдорӣ карда буд. Равише. ки дар гузашта аз сӯии Кохи Сафед барои афзоиши кумакҳо ба Украина истифода шуда иборат аст аз як абзори молӣ ба ном «барномарезии муҷаддади вуҷӯҳ » ,ин абзори молӣ барои ҷо ба ҷоии вуҷӯҳ дар ҳисобҳои Пентогун барои рафъи ниёзҳои фаврӣ истифода мешавад. Ба рағми ин,ки истифода аз ин абзори молӣ ба унвони як чораиҷӯии эҳтимоли матраҳ аст аммо бидуни тавофуқи ду ҳизб Ҷумҳурихоҳ ва  Демокрот дар Конгресси Амрико идомаи кумакҳои Вашингтон ба Украина мумкин нахоҳад буд .