Октябр 09, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Тирандозии маргбор дар Пеннсилванияи Амрико
    Тирандозии маргбор дар Пеннсилванияи Амрико

Тирандозии маргбор дар Иёлати Пеннсилванияи Амрикои кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомҳои Иёлати Пеннсилванияи Амрико эълом карданд, рӯзи якшанбе дар пайи тирандозӣ дар минтақам "Индианаи Канти " дар Иёлати Пеннсилванияи Амрико дасти кам як нафар кӯшта ва ҳашт тани дигар захмӣ шуданд.

Ин тирандозӣ дар як меҳмонии хусусӣ иттифоқ афтод.

Полиси Иёлот дар минтақаи Индианаи Канти дар Иёлоти Пеннсилвания эълом кард, 9 тан дар радаи синии 18 то 23 солимавриди исобати гулӯла қарор гирифтанд ,ки аз байни онҳо марди 22 сола дар маҳали ҳодиса кӯшта шуд.

Дар ин ҳодиса, ду марди 18 сола, се мард бо синини 19, 20 ва 22 ,ду зани 19 сола ва як зани 23 сола низ захмӣ шуданд.

Полис ҳануз ҳеҷ муҷримеро дастгир накардааст.

« Роберт Милер », яке аз сокинон дар ҳамсоягии маҳали ҳодиса гуфт, ба ҳангоми вуқӯъи ин тирандозӣ, садои шилики ҳудӯди 20 гулӯларо шунидааст.

Барчасп