Октябр 19, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Амрико қатъномаи таваққуфи ҳамла ба Ғаззаро вето кард ( видео )
    Амрико қатъномаи таваққуфи ҳамла ба Ғаззаро вето кард ( видео )

Амрико қатъномае, ки дар Шӯрои Амният 12 райи мусбат касб карда буд ва қарор буд ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро мутаваққиф кунад, вето кард.

Ин қатъномаро Бразилия ба унвони раиси даврае Шӯрои Амният ироя карда буд ва агар тасвиб мешуд, режими саҳюнистӣ мулзам мешуд, ки ҳамалоти ваҳшиёнаашро бар зидди мардуми Ғазза мутаваққиф кунад ва  ирсоли об, ғизо, сӯхт ва  дорӯ ба мардуми Ғазза амалӣ мешуд.

Дар ин ҷаласа Русия ҳам ду ислоҳия аз ин қатънома ироя кард, ки дар онҳо ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба бемористонҳо ва  мадорис ва  амокини умуми ҳам ишора ва ин иқдомот маҳкӯм шуда буд,  аммо ин ду қатънома ҳам бо мухолифати Амрико ва  муттаҳидонаш рад шуд.  Намояндаи Русия дар эътироз ба ин вазъияти Шӯрои Амният гуфт : Русия мутаъсиф аст аз ин, ки Шӯрои Амнияти Созмони Миллал бо тасвиб накардани қатънома дар бораи Ғазза,  бозаи замониро аз даст дод ва иҷоза медиҳад,ки афроди бештарӣ дар Ғазза кушта шаванд . Акнӯн бо ветои ин қатънома, мо шоҳиди ҷилваи дигаре аз риёкорӣ ва стандартҳои дугонаи Амрико ҳастем, онҳо дигар ниқоби худро канор задаанд .