Октябр 21, 2023 20:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кореяи Шимолӣ ба Амрико

Кореяи Шимолӣ дар бораи инҳидоми бомбафканҳои амрикоии мустақар дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор дод.

Кореяи Шимолӣ дар баёнияе ба Амрико дар бораи истиқрори бомбафкани роҳбурдии «B-52 Stratofortress» дар Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор дод ва эълом кард, ки дар сӯрати вуқуъи ҷанг, ин бомбафкан нахустин аҳдоф хоҳанд буд.

Дар баёнияи Кореяи Шимолӣ омадааст, ин иқдом як манёври омидона аз сӯи Амрико бо ҳадафи таҳрики ба роҳ андохтани як ҷанги ҳастаӣ аст.

Кореяи Шимолӣ тасреҳ кард, Амрико аз ин воқеият, ки шибҳи ҷазираи Корея ба лиҳози қонӯнӣ дар шароити ҷангӣ ба сар мебарад, бе эътило несту ҷангафзорҳои роҳбурдӣ, ки дар хоки душман мустақар кардааст, аввалин аҳдофи инҳидом хоҳанд буд.

Нови ҳавопаймобари ҳастаии USS Ronald Reagan, зердарёии USS Annapolis, зердарёии USS Kentucky муҷаҳҳаз ба мӯшаки болистикӣ ва ҳавопаймоӣ бомбафкани «B-52 Stratofortress» Амрико дар чаҳорчӯби иҷрои ҳамин баёния ба Кореяи Ҷанубӣ эъзом шудаанд.

 

Барчасп