Октябр 23, 2023 15:56 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Идомаи ҳимоятҳои Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ

Бо гузашти 17 рӯз аз оғози амалиёти тӯфони ал-Ақсо вокуниши шадиди режими саҳюнистӣ бо бомбаборони бесобиқаи борикаи Ғазза, ки мӯҷиби шаҳодату маҷрӯҳ шудани ҳазорон фаластинӣ шудааст, аммо Амрико ба унвони муттаҳиди стратегии ин режим бо беэътиноии комил ба ин иқдомоти ҷинояткорона ҳамчунон бар ҳимояти ҳамаҷониба аз ҷиноёти Исроил ба баҳонаи дифо аз худ таъкид мекунад.

Дар ин росто Амрико ба ҳамроҳи Канада, Фаронса, Олмон, Италия ва Британия дубора дар баёнияи муштарак ҳимояти комили худро аз Исроил ва ҳаққи дифо аз худ эълом карданд. Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико асри якшанбе дар шабакаи иҷтимоии « Х » навишт : « Исроил ҳаққи дифо аз худро дорад . Мо бояд мутмаин шавем, ки онҳо ончиро ки барои муҳофизат аз мардуми худ имрӯз ва ҳамеша ниёз доранд, дар ихтиёр доранд. »
Дифои ҳамаҷонибаи Байден аз иқдомоти ваҳшиёнаву ғайриинсонии режими саҳюнистӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ин режим бо бомбаборонҳои ҳаррӯзаи худ алайҳи борикаи Ғазза нафақат манозили фаластиниҳо, балки маконҳое монанди масҷидҳо,бемористонҳо ва ҳатто калисои прославӣ дар Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти худ қарор дода ва ҳамарӯза тасвирҳои дилхароше аз шаҳидону маҷрӯҳони фаластинӣ ба вижа кӯдакон мунташир мешавад, ки дили ҳар инсони бовиҷдонеро ба дард меоварад. Вазорати беҳдошти Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи якшанбе эълом кард, ки аз замони оғози амалиёти тӯфони алқсо то ба имрӯз 4741 фаластинӣ шаҳид ва 15 898 нафар ҳам захмӣ шудаанд. 70 дарсади шаҳидони Ғазза зану кӯдак ҳастанд. Ҳамчунин мутобиқи омори Созмони Миллал беш аз 60 дарсад аз ҷамъияти борикаи Ғазза дар асари ҷиноёти режими саҳюнистӣ овора шудаанд.
Албатта ҳимоятҳои Вашингтон танҳо маҳдуд ба ҳимояти сиёсӣ набуда, балки Иёлоти Муттаҳида бо парвозҳои рӯзона то кунун миқдори азиме аз бомбҳои гуногуни ҳидоятшаванда , ки тавассути неруи ҳавоии режими саҳюнистӣ барои бомбаборони мардуми Ғазза мавриди истифода қарор мегиранд, барои ин режим ирсол кардааст .
Аз сӯи дигар Амрико, ки то кунун ду қатъномаи пешниҳодӣ аз сӯи Русияву Бразилия барои оташбас дар Ғазза дар Шӯрои амниятро вето карда ва монеъи тасвиби онҳо шуда, дар иқдоме дар ростои ҳимоят аз Исроил пешнавис қатъномаеро ироа карда, ки зимни маҳкӯм кардани Ҳамос аз иқдомоти режими саҳюнистӣ ба баҳонаи дифо аз худ ҳимоят шудааст. Дар ин пешнавис Амрико хостори оташбас ё оташбаси башардӯстона дар Ғазза нест ва дар он амалиёти тӯфони алқсо аз сӯи Ҳамос ба унвони ҳамалоти террористӣ муаррифӣ шуда ва Вашингтон хостори фишор бар Ҳизбуллоҳ ва гуруҳҳои муқовимат барои таваққуфи ҳамалот шудааст. Давлати Байден бо ироаи ин қатънома дар воқеъ нияти воқеии худ яъне куштори ҳар чи бештари фаластиниҳо бо мухолифат бо оташбас ва ҳимоят аз ҳар гӯна иқдомоти зиддибашарӣ ва ҷинояткоронаи Исроил ба баҳонаи дифо аз худро ба намоиш гузоштааст.
Нуктаи муҳим инки ба рағми ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлати Амрико, аммо акнӯн мухолифатҳои мардумӣ бо иқдомоти режими саҳюнистӣ дар ин кишвар рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Баргузории тазоҳуроти густарда дар шаҳрҳои Амрико ва ҳатто дар Вашингтон дар муқобили Кохи сафед намоди ин амр шумурда мешавад. Зимни инки дар дохили сохтори ҳокимиятии Иёлоти Муттаҳида низ мухолифат бо сиёсати Кохи сафед дар қиболи Исроил раванди афзоишӣ доштааст. Дар ин росто беш аз 100 узви Конгресс аз давлати Амрико, ки аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён ҳимояти беқайду шарт мекунад, хостанд барои барқарории оташбас иқдом кунад. Онҳо хостори иқдоми фаврии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз талафоти бештари ғайринизомиёни бегуноҳ дар навори Ғазза шуда ва гуфтанд, ки посухи Исроил ба амалиёти тӯфони алқсо бояд мутобиқи қонунҳои байналмиллалӣ ва арзишҳои демократии муштарак бошад. Ҷудо аз ин нома мавзегириҳои намояндагони мутараққии Конгресс, монанди Илҳон Умар, Рашида Талиб ва Кори Буш ва интиқоди шадиди онҳо аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо нишон медиҳад,ки ҳатто дар дохили Конгресс низ бархилофи гузашта ба тадриҷ ҷараёнҳои мухолиф бо режими саҳюнистӣ дар ҳоли қудратмандтар шудан ҳастанд. Ҳарчанд ки ҷараёни ғолиб дар Иёлоти Муттаҳида ҳаддиаксари талоши худ барои саркуби мунтақидони Исроилро сурат медиҳанд. Дар ин замина рӯзномаи англисии « Гардиян » навишт: Пас аз оғози амалиёти « тӯфони алқсо » неруҳои муқовимати Фаластин талошҳои зиёде барои саркӯби дидгоҳҳои тарафдорони Фаластин дар Амрико анҷом шудааст.

 

Барчасп