Октябр 25, 2023 10:08 Asia/Dushanbe
  • Густариши эътирозоти зиддисаҳюнистӣ дар саросари Амрико

Муътаризон дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкӯмияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар хиёбонҳои шаҳри Чикагои Амрико тазоҳурот карданд.

Таҷаммуъоти кучаку бузург дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва дархости оташбас дар Ғазза илова бар шаҳрҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар бисёре аз нуқоти мухталифи Амрико, аз ҷумла дар марокизи донишгоҳӣ ва омӯзишӣ ба иҷро даромадаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эли Нюэлл, узви аршади гуруҳи яҳӯдии зиддисаҳюнистии «IfNotNow» ва аз созмондиҳандагони тазоҳуроти Чикаго гуфт, хостори оташбас дар арозии ишғолӣ аст.

 

 

Барчасп