Афви байналмиллал: Мардуми Ғазза дар вартаи як хатари бесобиқа ҳастанд
(last modified Sat, 28 Oct 2023 08:49:51 GMT )
Октябр 28, 2023 13:49 Asia/Dushanbe
  • Афви байналмиллал: Мардуми Ғазза дар вартаи як хатари бесобиқа ҳастанд

Созмони афви байналамиллал бо интиқод аз ҳамалоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза хоҳони васли фаврии шабакаҳои иртиботӣ дар ин минтақа шуд.

 Ба гузориши рӯзи шанбаеи Алмаёдин, Созмони афви байналамиллал эълом кард, ғайринизомён дар Ғазза дар маъраз(варта)и як хатари бесобиқа қарор гирифтаанд.

 Ин ниҳоди байналамиллалӣ таъкид кард , режими саҳюнистӣ роҳҳои иртиботии онҳоро қатъ ва ҳамалоти худро алайҳи ин минтақа афзоиш додааст.  Созмони афви байналамиллал изофа кард: Тел-Авив бояд ҳамалоти кӯркӯрона ва номутаносиби худро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани ҳазорон ғайринизомӣ шудааст, мутаваққиф кунад.

 Ин созмон ҳамчунин хоҳони васли дубораи шабакаҳои интернитӣ дар навори Ғазза ва роҳҳои иртиботӣ дар ин минтақа ба сурати фаврӣ шуд, то гурӯҳҳои имдодрсон битавонанд ба вазоифи худ амал кунанд. Пештар Созмони дидабони ҳуқуқи башар эълом кард , Тел-Авив бо қатъи роҳҳои иртиботӣ ва хатҳои интернит дар Ғазза талош мекунад ҷиноятҳо ва фоҷеъаҳои дастаҷамъии худро дар ин минтақа пинҳон кунад.