Октябр 31, 2023 11:39 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Ташдиди таниш миёни Русия ва режими саҳюнистӣ

Дар пайи сафари намояндагони Ҷумбиши фаластинӣ (Ҳамос) ба Маскав, таниш миёни Исроилу Русия афзоиш ёфтааст. Дар ин росто, вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ, Анатолий Викторов, сафири Русия дар сарзаминҳои ишғолиро дар эътироз ба сафари ҳайате аз Ҳамос ба Маскав, эҳзор кард.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, ҳайате аз Ҷумбиши Ҳамос ба раёсати Мӯсо Абӯ Марзуқ, узви дафтари сиёсии ин ҷумбиш бо тане чанд аз мақомоти сиёсии Русия дидору гуфтугу кард. Вазорати умури хориҷаи Русия дар ин замина эълом кард, ки дар дидор бо ҳайати Ҳамос дар бораи озодии гаравгонҳо ва тахлияи шаҳрвандони русӣ аз Навори Ғазза баҳсу табодули назар шуд.

Ҷумбиши Ҳамос низ аз мавзеи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мавриди даргирӣ миёни фаластиниҳо ва Исроилу талошҳои дипломатии Маскав барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза қадрдонӣ кард.

Равобити режими саҳюнистӣ ва Русия тайи солҳои гузашта мутаассир аз шароиту таҳаввулоти сиёсии минтақа, пуртаниш будааст. Ин танишҳо пас аз буҳрони Сурия ва вуруди Маскав ба ин буҳрон бо таъкид бар лузуми ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Русия бо фарозу нашебҳое рӯбарӯ будааст. Аммо тайи як соли гузашта бо ҷанги Украина, танишҳо миёни Русия ва режими саҳюнистӣ рӯ ба афзоиш гузоштааст. Ҳамроҳии режими саҳюнистӣ бо Украина дар канори кишварҳои ғарбӣ бавижа ҳамгомӣ бо сиёсатҳои Вашингтон дар қиболи Киев, таниш миёни Маскаву Тел Авивро афзоиш додааст.

Сафари мақомоти Ҳамос ба Русия

Ин танишҳо тайи моҳҳои ахир бо ташдиди ҷанг дар Украина ва мавзеъгириҳои Исроил алайҳи Русия, ташдид шудааст. Ба тавре, ки чанде пеш пас аз дидори Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, Маскав, режими саҳюнистиро аз бозори бурси Русия ҳазф кард.

Тайи ҳафтаҳои ахир бо ташдиди ҳамалоти Исроил алайҳи фаластиниён, мақомоти Маскав ҳамвора хостори поёни ҳамалоти Исроил ва барқарории оташбас шудаанд. Бар асари ҳамалоти бевақфаи режими Исроил ба мардуми Ғазза дар тули чанд ҳафтаи гузашта, ҳазорон нафар аз мардуми ғайринизомии Ғазза шаҳид ва маҷруҳ шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш тамомии имконоти худро барои кумак ба режими саҳюнистӣ басиҷ кардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавзеи интиқодии Русия аз режими саҳюнистӣ ва мавзеъгириҳои хасмонаи Тел Авив дар қиболи иқдомоти Маскав бавижа дидори мақомоти Русия бо мақомоти аршади Ҳамос, интизор меравад, танишҳои сиёсӣ миёни тарафайн дар оянда ташдид шавад.

 

Барчасп