Тафсир. Талоши давлати Илҳом Алиев барои густариши равобит бо Эрон
(last modified Wed, 01 Nov 2023 13:00:59 GMT )
Ноябр 01, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо мувофиқат бо сохти ин масири иртиботӣ, ба бисёре аз мушкилоти давлатҳову миллатҳои минтақа поён дод
    Эрон бо мувофиқат бо сохти ин масири иртиботӣ, ба бисёре аз мушкилоти давлатҳову миллатҳои минтақа поён дод

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон фармони идомаи фаъолиятҳои умронӣ барои иттисоли бузургроҳи Ҳуродиз - Ҷиброил - Зангелон - Оғбанд бо Эрон ва сохти пул бар рӯи рӯдхонаи Арасро имзо кард.

Бар асоси фармони Илҳом Алиев муқарар шудааст, аз ҳисоби сандуқи захираи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон дар буҷети давлатии 2023 мелодӣ маблағи 14 миллион манот, муодили ҳашт миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ ба умури сохтусози бузургроҳу пул ихтисос ёбад.

Вазорати хазонадории ҷумҳурии Озарбойҷон низ муваззаф шудааст то ба мизони муқарар дар фармони Илҳом Алиев сармоя тазриқ кунад ва ҳайати вазирон низ муваззаф шуд, ки масоилу мушкилоти иҷроиро ҳаллу фасл кунад.

Ин тарҳ бар асоси тафоҳумномаи Бокӯ ва Теҳрон ба манзури эҷоди масири иртиботӣ байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон бо убур аз заминҳои Эрон бунёд хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, пули марзии автомобилрав ба тӯли 220 метр ва арзи 25 метр дар тӯли 18 моҳ дар минтақаи Оғбанд бар рӯйи рӯдхонаи Арас ба унвони каридори Озарбойҷон - Эрон - Нахҷавон сохта шавад. Дар воқеъ ин масири иртиботӣ ҳамон масири мавриди назари давлати Илҳом Алиев ба манзури дастрасии ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон аст. Мунтаҳо ин масир ба ҷои Арманистон аз тариқи Эрон эҳдос мешавад.

Эрон бо мувофиқат бо сохти ин масири иртиботӣ, ба бисёре аз мушкилоти давлатҳову миллатҳои минтақа поён дода, ки нақши сулҳҷӯёнаи Эрон дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ бори дигар барҷаста шудааст. Пеш аз ин амалиёти иҷроии "Тарҳи эҳдоси пули муштараки марзӣ рӯйи рӯдхонаи Арас дар минтақаи Оғбанд" ба сурати видеоконфронс бо ҳузури марҳум Рустами Қосимӣ, вазири собиқи роҳу шаҳрсозии Эрон, Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон калид хӯрда буд. Куланги эҳдоси бузургроҳи мавриди назари Бокӯ дар масири Ҳуродиз - Ҷиброил - Зангелон – Оғбанд низ дар ҷараёни сафари ахири вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ба ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури шахси Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба замин зада шуд. Бадеҳӣ аст, ки иҷрои ин тарҳ зимни таҳаққуқи хостаҳои давлатҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия, ба бисёре аз ихтилофоти давлатҳои минтақа поён додааст ва метавонад сулҳу суботро дар минтақа тазмин кунад.