Поёни даврони дабирии Пан Ги Мун
Ҳаштумин дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид расман аз симмати худ канор рафт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Пан Ги Мун, ҳаштумин дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа, дар поёни дувумин давраи панҷсолаи дабирияш дар ин ниҳоди байналамилалӣ зимоми ҳидояти Созмони Милали Муттаҳидро ба Антониу Гутерреш, нуҳумин дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вогузор кард. Антониу Гутерреш аҳли Португалия аст, ки бо раъйи Маҷмаи умумии Созмони Милал ба дабирии ин ниҳоди байналамилалӣ баргузида шуд. Даврони даҳсолаи дабирии Пан Ги Мун дар шароите ба поён расид, ки аз ӯ ба иллати бетафовутӣ дар хусуси бисёре аз буҳронҳои ҷаҳонӣ интиқод мешавад.
44 ҳазор корманд бар иловаи 100 ҳазор нерӯи сулҳхоҳ таҳти мудирияти дабири кулли Созмони Милал машғули кор аст...
Ҳамкормон Комрон Наҷафзода аз Нию-Йорк дар гузориши худ ин рӯйдоди ҷаҳониро баррасӣ кардааст.