Ноябр 11, 2023 11:32 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Колумбия: Дар додгоҳҳои байналмиллалӣ аз Натанёҳу шикоят мекунем

Густаво Петро-раиси ҷумҳури Колумбия рӯзи ҷумъа гуфт, ки тимҳои ҳуқуқии давлати ин кишвар дар ҳоли омода кардани шикоятномаҳое алайҳи Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ дар «ҳамаи додгоҳҳои байналмиллалӣ» ҳастанд.

 Ба гузориш радио тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анотоли, Петро ҳамчунин эълом кардааст, ки аз тарҳи Алҷазоир барои шикоят аз «ҷиноёти ҷангии Натанёҳу» дар Девони кайфарии байналмилалӣ ҳимоят ва ба он кумак хоҳад кард.

 Вай пештар гуфта буд, ки вазири хориҷаи Колумбия дар ростои ин иқдомот бо додситони Девони кайфарии байналмилалӣ дидор мекунад.

 Петро пештар ба қатъи барқ ва интернети Ғазза тавассути Исроил вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард ва дар баёнияе гуфт:Исроил барқ ва интернет Ғаззаро барои шурӯъи қатли ом қатъ кардааст.

 Вай ҳамчунин муҳосираи навори Ғазза тавассути сҳиунистҳоро бо иқдомоти нозиҳо муқоиса ва бар ҷилавгирӣ аз бозгашти нозисм(натсизим( таъкид кард.

 Илова бар ин Петро ҳамзамон бо Чили сафири худро аз режими саҳюнистӣ фаро хонд.

 Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Агар Исроил ба куштори мардум Фаластин поён надиҳад мо наметавонем дар онҷо бмонем.

Раиси ҷумҳури Колумбия дар ҷараёни суханронии худ дар маҷмаъи умумии СММ низ дар интиқод аз рӯйкарди дугонаи Ғарб дар қиболи ҷанги қазияи Фаластин гуфта буд: Кишварҳои ғарбӣ ба ҳамон далоиле, ки аз Владимир Зеленский-раиси ҷумҳури Украина дифоъ мекунанд, бояд аз Фаластин ҳам дифоъ кунанд.

 

Барчасп