Ноябр 11, 2023 11:43 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ : Байден ба раъйдиҳандагони мусулмон хиёнат кард

Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ бо баёни инки давлати Ҷо Байден ба раъйдиҳандагони мусулмон дар Амрико хиёнат кардааст, гуфт, ки раиси ҷумҳури Амрико дар ҷанги Ғазза «мардуми моро нодида гирифта» ва «мо низ дар интихоботи раёсати ҷумҳури 2024 ӯро нодида хоҳем гирифт.»

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ниҳод Аваз-раиси фаластинӣ-амрикоии ин шӯро ҷумъа дар мусоҳибаи видеоӣ бо хабаргузории Анатоли гуфт: Мо мустақиман ба ӯ гуфтем, ки агар хостори оташбаси фаврӣнашуд дар соли 2024 раъйи моро нахоҳад дошт.

 Вай афзуд: Имкон надорад ба ӯ раъй дода ё ҳеҷ гуна ҳимояте аз вай ба амал биоварем.

 Ниҳод Аваз тасреҳ кард: Давлати Байден ваъда дода буд, ки дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ ҳуқуқ башарро дар конуни сиёсатҳояш қарор хоҳад дод. Аммо аз дидгоҳи мо, ӯ ба раъйдиҳандагони мусулмони Амрико ва ҷунбиши ҳомии Фаластин хиёнат кардааст.

Вай афзуд: Чизе, ки мо мебинем нақзи комили ҳуқуқи башар, каромат ва баробарии ҳама инсонҳо дар хориҷ аз Амрико хусусан фаластиниҳост. Байден ба таври якҷониба аз Исроил ҳимоят мекунад ва ба Исроил «чароғи сабз» нишон додааст то «бо таслиҳоти амрикоӣ ва долларҳои раъйдиҳандагон ва ҳимояти сиёсии амрикоиҳо» алайҳи Фаластин муртакиби ҷиноят шавад.

 Ниҳод Аваз таъкид кард: Доштани чунин раиси ҷумҳури як таҷрибаи хиҷолатовар аст. Ў дар ҷиноят ва наслкушӣ алайҳи мардум Фаластин шарик ва ҳамдаст аст.

 

 

Барчасп