Оғози нишасти сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар бораи Ғазза
Нишасти сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар бораи Ғазза имрӯз (шанбе) дар Риёз оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидиброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар ин нишаст ба Риёз сафар кардааст.
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ дар оғози ин нишаст, тадовуми ҷанг алайҳи мардуми Фаластинро маҳкӯм кард ва гуфт, кишварҳои исломӣ ва арабӣ, талошҳое барои муҳофизат аз ғайринизомиён дар Ғазза ва таваққуфи ҷанг анҷом додаанд.
Гуфтанист, тибқи баёнияи вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шуҳадои фаластинӣ дар натиҷаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябр токунӯн, ба 11208 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 4506 нафари кӯдак, 3027 нафар зан, 678 нафар пиронсол ҳастанд.